Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон то ҳол аз коруно орист

Тоҷикистон то ҳол аз коруно орист

То имрӯз 2014 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо дар карантин қарор доранд.

Тибқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми феврал то 8-уми апрели соли равон 7257 нафар дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи мазкур 5243 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2014 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то дирӯз, 8-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular