Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодгоҳи Олӣ ҳамроҳ бо Akhbor.com сойти сохтаи «Фабрикаи ҷавоб»-ро низ мамнӯъ кард

Додгоҳи Олӣ ҳамроҳ бо Akhbor.com сойти сохтаи «Фабрикаи ҷавоб»-ро низ мамнӯъ кард

Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кулли кишвар мабнӣ бар мамнӯъ эълон кардани сомонаҳои интернетии akhbor.com  ва nahzat.ru дар ҳудуди Тоҷикистонро қонеъ кардааст. Минбаъд “воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” манъ аст. 

Тибқи иттилоъи агентии давлатии “Ховар” аризаи Додситонии кулл “бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани  фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст”. Додгоҳи Олӣ ҳам бо ҳалномае аз 18 феврали соли 2020 қонеъ кардааст.

“Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” (Akhbor.com) ва “наҳзат.ру” (nahzat.ru), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст” — иттилоъ додааст манбаъ. 

Тибқи ин иттилоъ ҳалномаи Додгоҳи Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Ин ҷо чанд масъалаи ҷолиб аст: суръати иттилоърасонии агентии расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар”, “хизмат” кардани сойти “Ахбор” ба “Ҳизби Наҳзати Ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон”, “сомонаи интернетии  “наҳзат.ру” (nahzat.ru)” ва ҳизбе бо номи “Ҳизби Наҳзати Ислом”. 

Дар вокуниш ба иттиҳоми “хизмат” кардани “Ахбор” ба ду созмони номбаршуда ва манъи он дар Тоҷикистон, худи сайт билофосила посух дод. Сойти “Ахбор” иттиҳоми гӯё “хидмат кардан ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ”-ро шадидан рад карда, муроҷиати Додситони кул ва қарори Додгоҳи Олиро “як намунаи навбатии ҳамлаи ошкор ва бепарда ба озодии матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистон” номид.  

Дар посухи ҳамчунин омадааст, ки “идораи сомонаи «Ахбор» тайи моҳҳои охир таҳти ҳамлаи густардае қарор дошт ва беш аз 20 нафар, аксаран хабарнигорон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба КДАМ ва УБОП даъват шуда, бо гумони ҳамкориашон бо «Ахбор» бозпурсӣ шуданд, телефонҳову компютерҳои онҳоро ғайриқонунӣ гирифта, тафтиш карданд. Вале аҷаб ин аст, ки ба зидди мо парванда сохтанду як бор худи моро напурсиданд, ба додгоҳ низ намояндаи мо даъват нашудааст”.

Сойти «Ахбор» ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин сойт “як тарҳи комилан мустақили журналистӣ аст ва ба ягон гуруҳу ҳизбу ҳаракат вобаста нест — на ба тарафи ҳукумат ва на мухолифинаш. «Ахбор» барои мардум хидмат мекунад, на ба ҲНИТ ё Паймон ё Ятимову дигару дигараш”. 

Баргардем ба “Ховар” ва “хабар”-аш. Агентии давлатӣ, ки миллионҳо сомонии буҷа, яъне пули мардум барои фаъолияташ ҷудо мешавад ва ҳатто мақомот тасмим доштанд онро манбаъи ягонаи иттилоъгирии расонаҳо дар Тоҷикистон созанд, баъди 50 рӯзи судури ҳукм ва 20 рӯзи ҳукми қонунӣ пайдо кардани он хабар медиҳад. Чӣ суръате! Баъид нест бо ин суръати иттилоърасонии “Ховар” чанд рӯз пас хабари 50 рӯз қабл дар Тоҷикистон пайдо шудани вируси коруноро ҳам аз ин “хабаргузорӣ” дастрас кунем. 

Аз посухи сойти “Ахбор” бармеояд, ки масъулини он ҳам аз мамнӯъ будани сойт баъди 50 рӯзи судури ҳукм дарак ёфтаанд. Яъне Додгоҳи Олӣ бе даъват ва ҳузури айбдоршаванда ҳукмро содир карда, онро қариб ду моҳ пинҳон доштааст!

Нуктаи ҷолиби дигар сойти nahzat.ru аст. Ин сойт, ки дар назари аввал ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъаллуқ дорад, дар асл як сойти фейкӣ ва бо гумони ғолиб сохтаи “Фермаи ҷавоб” аст. Як сол қабл ҲНИТ бо пахши баёнияе изҳор дошта буд, ки ин сойт камтарин рабте ба ҲНИТ надорад ва тақаллубӣ аст. 

“Дар фазои маҷозӣ сомонаи тақаллубие бо номи “nahzat.ru” арзи вуҷуд кардааст, ки дар он матолиби сомонаи расмии ҲНИТ ҳам бознашр гардидаанд ва ороиши зоҳирии он ҳам комилан шабеҳи сомонаи расмии ҲНИТ аст. Аммо ин кор маҳз ба хотири гумроҳ кардани хонандагон мебошад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин тақаллубкориҳоро маҳкум намуда, эълон медорад, ки сомонаи “nahzat.ru” ҳеҷ рабте ба ҲНИТ надорад ва ҲНИТ дар баробари матолиби он посухгӯ нест” — омадааст дар баёния аз таърихи 19-майи соли 2019. 

Имкони ба “Фабрикаи ҷавоб” таъаллуқ доштани ин сойт аз он ҷост, ки фабрика қаблан нусхаҳои сойтҳои “Ахбор” ва “Паём”-ро ҳам роҳандозӣ карда буд. Тамоми матлабҳои ин ду сойт дар сойтҳои тақаллубии akhbori.com ва payomi.net мунташир шуда, баъзе хабари мақолаҳои ҷаълӣ дар байни онҳо роҳ меёфтанд. Аммо зоҳиран зӯри “рӯзноманигорон”-и “Фабрикаи ҷавоб” ба идомаи тарҳ нарасид ва ҳардуи ин сойт аз байн рафтанд. 

Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро Додситонии кулл ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳамроҳ бо “Ахбор” сойти ҷаълии “Фабрикаи ҷавоб”-ро низ мамнӯъ эълон кардаанд? 

Бо дарназардошти сатҳи саводи кормандони ин ду ниҳод мешавад тахмин зад, ки зимни интихоби нишонии сойти ҲНИТ натавонистаанд байни сойти расмии Наҳзати исломӣ ва сойти тақаллубии ҷуҷаҳои “Фабрикаи ҷавоб” фарқ гузоранд.

Аҷобати дигари омада дар ин хабар созмоне бо номи “Ҳизби Наҳзати Ислом” аст. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳеҷ куҷои дунё ҳам ҳеҷ созмоне бо ин ном вуҷуд надорад. Зоҳиран манзури Додгоҳи Олӣ ва “Ховар” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки ду соли охир мекӯшанд онро бе калимаи “Тоҷикистон” ном гиранд. Вале ҳатто дар ин сурат ҳам номи дурусти ин ҳизб Ҳизби наҳзати исломӣ аст, на “Ҳизби Наҳзати Ислом”. 

Сатҳи агентии давлатии “Ховар” ин гуна хатоҳоро иҷоза медиҳад, аммо афтодани як ҳарф дар қарори Додгоҳи Олӣ ҳукми онро беасос мекунад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular