Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет18 вагон кӯмаки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

18 вагон кӯмаки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона фиристод. Гуфта мешавад ин кумак бо дастури шахсии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳурии Узбекистон фиристода шудааст.

Тавре  хабаргузории “Азия-Плюс” бо истинод аз манбаъаш дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ба ҷумҳурӣ 18 вагон ворид шуд. Бори вагонҳо аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст.

Қатора бо кумаки башардӯстонаи кишвари ҳамсояро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва вазири тандурустӣ Насим Олимзода пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон сиротятёфтагони коронавирус ошкор шудааст. Аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 9-уми апрел дар ин кишвар 555 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор ва 30 каси дигар шифо ёфтанд.

Дар ҳамсоякишвар карантин эълон шудааст, аммо . Чорводорон ва деҳқонон ба корҳои кишооварзӣ оғоз карда, корхонаҳои стратегии саноатӣ ва бинокороне, ки иншооти барои давлат муҳимро бунёд мекунанд, бо риояи қоидаҳои карантин кори худро давом медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular