Friday, July 18, 2025
ads
HomeХабарҳоСафорату консулгарӣ 4 шаҳрванди ғоратшудаи тоҷикро ба ҳоли худ гузоштаанд

Сафорату консулгарӣ 4 шаҳрванди ғоратшудаи тоҷикро ба ҳоли худ гузоштаанд

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Қазоқистон ғорат шуда буданду қаблан мо дар ин бора , зери боздошти хонагӣ ба сар мебаранд ва сафорату консулгарии Тоҷикистон ба зангҳои онҳо посух намегӯянд.

Ин чаҳор нафар Нурмуҳаммади Самад соли таваллудаш 06.08.1964, Ҷамилов Баҳром Халилович соли таваллудаш 20.06.1978, Пиров Лашкархон Каримович соли таваллудаш 11.06.1986, истиқоматкунандагони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ  ва  Каримов Абдурашид Олимович соли таваллудаш 17.04.1981 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Чуноне, ки аз ҳалномаи пулиси Қазоқистон бармеояд, ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини амнияташон зери назорати пулис ва дар ҷои махсус аз ҳисоби давлати Қазоқистон маскан дода шудаанд. Худи онҳо мегӯянд муносибати пулиси қазоқ бо онҳо хуб аст, аммо мақомоти намояндагии Тоҷикистон онҳоро аслан шунидан намехоҳанд.

Онҳо мегӯянд дар консулгарии Тоҷикистон аслан касе ба зангҳояшон посух намегӯяд, аммо дар сафорат гӯширо мебардоранду ба онҳо дод мезананд, ки

“чаро ин қадар занг мезанед, мо ғайри шумо дигар проблема надорем?”

Пулиси Қазоқистон ҳам чанд бор ба онҳо ваъда кардааст, ки ба зудӣ мурофиъаи додгоҳӣ баргузор хоҳад шуд, аммо то ҳол бо ҷинояткорон рӯбарӯкунӣ сурат нагирифтааст.

Паём.нет минбаъд ҳам ин қазияро пайгирӣ намуда, хонандагонро огоҳ хоҳад сохт.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?