Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа ҷавони тоҷик барои қатли ду духтар ҳабси умрбод таҳдид мекунад

Ба ҷавони тоҷик барои қатли ду духтар ҳабси умрбод таҳдид мекунад

Додситонии кишвари Хабаровски Русия парвандаи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро, ки ба куштори бераҳмонаи ду духтар айбдор мешавад, ба додгоҳи ин кишвар фиристодааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршаванда, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Хабаровск ба сифати ошпаз кор мекард, соати сеи шаби 16 апрели соли 2019 бо ду духтари шиносаш ба соҳили яке аз шохобҳои дарёи Амур ба сайругашт рафтааст. Дар онҷо байни онҳо муноқиша рух медиҳад ва ҷавон як духтарро бо 26 зарбаи корд ва дуюмиро бо 7 зарбаи корд куштааст.

Ҷавон дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки духтарҳо мехостанд, ки вай онҳоро ба ягон тарабхона барад, вале ӯ мехост дар соҳил сайругашт кунанд ва дар ҳамин замина байнашон муноқиша рӯй дод. Ҳоло ба ин ҷавон барои куштори ду нафар то 20 сол ҳукми зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои додаи Додситонии кишвари Хабаровск тафтиши парвандаи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба анҷом расидааст ва айбдоршаванда дар ҷараёни тафтишот даст доштанаш дар қатли ду духтар дар моҳи апрели соли 2019-ро эътироф кардааст. Ғайр аз ин тафтишот далелҳои кофие ба даст овардааст, ки даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷинояти сангинро исбот мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular