Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПуштибонии RSF ва рӯзноманигорону фаъолони тоҷик аз Далер Шарифов

Пуштибонии RSF ва рӯзноманигорону фаъолони тоҷик аз Далер Шарифов

Мурофиъаи Шарифов ба фардо гузаронда шуд.

Созмони пурнуфуз ва маъруфи Хабаргузорони бидуни марз (Reporters sans frontières -RSF) бо нашри баёнияе хостори раҳоии сареъ ва бидуни шарти рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов шуд. 

Ин созмони мақараш дар Фаронса, ки хабарнигорон дар тамоми ҷаҳонро дастгирӣ мекунад иттиҳомоти давлати Тоҷикистонро, ки Далерро ба ифтротгароӣ муттаҳам мекунад пуч хонда онро сиёсӣ номидааст. 

Боздошти Далер Шарифов дар остонаи интихоботи парлумониро RSF “ҳушдори дигари мақомот ба хабарнигорон ва расонаҳои интиқодгар” номидааст.

Гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон низ барои дастгирӣ аз Далер Шарифов дар назди бинои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҷамъ омаданд. Дар наворе, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ нашр кардааст, дида мешавад гурӯҳи рӯзноманигорон бо шумули Хилватшоҳ Маҳмуд, Азиз Нақибзод, Ёқуб Ҳалимов, Иршод Сулаймонӣ ва дигарон, ҳуқуқшиносоне чун Шокирҷон Ҳакимов, Ойниҳол Бобоназарова ва ғайраҳум ҳузур доранд.

Бинобар ҳузур пайдо накардани додситон, мурофиъаи додгоҳии Далер ба пасфардо, 15.04 соати 10.00 мавқуф гузошта шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular