Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКарантин дар Қирғизистон тамдид мешавад

Карантин дар Қирғизистон тамдид мешавад

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии Қирғизистон ба президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков пешниҳод кард, ки масъалаи тамдиди ҳолати фавқулоддаро дар Қирғизистон баррасӣ кунад.

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар мулоқоти ахир бо президент Ҷеенбеков аз чораҳои мубориза зидди вируси корона ва нақшаҳои кутоҳмуддат иттилоъ дод.

Боронов гуфт, бо назардошти афзоиши шумораи мубталоён ва бо такя ба таҳлили табибон Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ пешниҳод дорад, ки ҳолати фавқулодда дар бархе аз шаҳрҳо ва ноҳияҳо тамдид карда шавад.

Ҳолати фавқулодда дар шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бишкек, инчунин ноҳияҳои Сузак, Ноокат ва Қара-Сууй аз 25-уми март ба ин тараф эълом шудааст. Ба шаҳрвандон аз соати 20:00 то 07:00 ба кӯча баромадан манъ ва ҳамчунин рӯзона бе ҳоҷат гашту гузор кардан маҳдуд гардидааст. Ҳолати фавқулодда аз ибтидо то 15-уми апрел эълом шуда буд.

Дар маҷмӯъ дар Қирғизистон то ин замон 419 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular