Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоСафорати Амрико дар Душанбе шаҳрвандони худро аз эҳтимоли амалҳои террористӣ огоҳ намуд

Сафорати Амрико дар Душанбе шаҳрвандони худро аз эҳтимоли амалҳои террористӣ огоҳ намуд

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон 9 уми ноябри соли равон дар торнамои худ зимни нашри як хитобае шаҳрвандони муқими худро дар ин кишвар ҳушдор додааст, ки дар шаҳру навоҳии ин кишвари Осиёи Марказӣ хатари эҳтимоли ба вуқӯъ омадани ҳамлаҳои террористӣ вӯҷуд дорад.

Сафорат аз шаҳрвандони Амрико хостааст, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода накунанд ва аз рафту омад дар ҷойҳои серодам парҳез намоянд. Сафорати ин кишвар дар Душанбе ҳамчунин ҳушдор додааст, ки агар дар вилояти Бадахшон ҳузур дошта бошанд, аз минтақаҳои марзӣ дуртар бошанд ва шабҳоро дуртар аз маҳалли зисти одамон гузаронанд. Аз сайри шабонаҳо даст бикашанд ва дар ҷойҳои кушод хоб нараванд.

Масъулини сафарати Амрико дар Душанбе гуфтаанд, ки ин як раҳнамоест, ки шаҳрвандони кишварашон дар ҳолатҳои истирорӣ истифода баранд ва аз паёмадҳои нохуш худро дифоъ намоянд. Гуфта мешавад, ин хитобаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ҳоле ба нашр расидааст, хабаргузориҳои Афғонистон  иттилоъ додаанд, фаъол гаштани Толибон дар шаҳр ва вилояти Қундуз заминаҳои убури террористони хориҷиро ба самти Тоҷикистону Ӯзбакситон ба бор овардааст.

Қундузи Афғонистон бо Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳаммарз аст ва моҳҳои охир дар ин қаламрав нооромиҳо шиддат гирифта, борҳо шаҳри Қундуз аз даст ба даст мегузашт. Таъкид мегардад, ки ҳузури Толибон ва дигар созмонҳои ифротгаро дар ин минтақа бештар аз пеш ривоҷ карда, таҷаммӯи нерӯҳои ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистон мушоҳида мегардад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика