Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон аз CASA-1000 $26 млн дарёфт мекунад

Тоҷикистон аз CASA-1000 $26 млн дарёфт мекунад

Пешбинӣ мешавад, ки Тоҷикистон  барои беҳбуди зерсохтҳои барқӣ, ки дар канори хати интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир шудаанд, 26 миллион доллар аз тарҳи КАСА-1000-ро дарёфт кунад.

Тоҷикистон мувофиқатномаҳои пуштибониро дар чаҳорчуби тарҳи CASA тасвиб мекунад.

Ин тавофуқномаҳо барои беҳбуди зерсохтҳои барқӣ дар деҳаҳо ба арзиши 26 миллион доллар аст.

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дирӯз, 13-уми апрел дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо ворид намуда, ҳамчунин созишномаҳои қаблан имзошударо баррасӣ карданд.

Дар ҷаласа Созишномаҳои лоиҳавӣ байни «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки мувофиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистон барои беҳбуди иншооти зерсохтори ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки дар канори хати интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир шудаанд, 26 млн доллар маблағ дастрас мекунад.

Саҳми Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular