Шӯрои иҷроияи Хазинаи байнулмилалии пул таъҷилан сабуксозии сарбории қарзи 25 кишвари қашшоқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Дар изҳороти Кристалина Георгиева директор-маъмури Хазинаи байнулмилалии асъор гуфта шудааст, ки рӯзи 13 апрел Шӯрои иҷроияи Хазина таъҷилан сабуксозии сарбории пардохти қарзро барои 25 кишвари узви Хазинаи байнулмилалии пул дар доираи механизми бозбинишудаи Хазинаи байнулмилалии пул – Фонди трастӣ барои маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокатҳо – ҳамчун қисмате аз тадбирҳои ҷавобии Хазина барои мусоидат ба бартараф сохтани оқибатҳои пандемияи COVID-19-ро тасдиқ кард”.
Гуфта мешавад, дар ин қарор пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои камбизоаттарин ва бештар осебпазири узви Хазинаи байнулмилалии пул барои рӯйпӯш кардани уҳдадориҳои қарзии онҳо назди Хазинаи байнулмилалии асъор дар давраи аввал муддати шаш моҳи минбаъда пешбинӣ гардида, ба онҳо ҷиҳати равона сохтани захираҳои бештари маҳдуди молиявии худ ба ёрии ҳаётан муҳими таъҷилии тиббӣ ва дигар кумакҳо мусоидат мекунад.
Сабуксозии сарбории пардохти қарзи кишварҳои камбизоаттарин дар қатори Тоҷикистон, ба кишварҳои зерин низ пешниҳод мешавад: Афғонистон, Бенин, Буркина-Фасо, Гаити, Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Ҷазираҳои Комор, Яман, Ҷумҳурии Демократии Конго, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигер, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷазираҳои Соломон, Серра-Леоне, Того, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Чад.
Қобили зикр аст, ки бақияи қарзи Тоҷикистон ба аввали соли равон андаке бештар аз 30 млн доллар аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷалбшударо ташкил дод.
Ба сурати умум, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888 млн 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба 35, 8 дар сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

