Tuesday, November 11, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар 9 моҳ 9 адад фоҳишахона ошкор ва баста шудаст

Дар 9 моҳ 9 адад фоҳишахона ошкор ва баста шудаст

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Душанбе дар нӯҳ моҳи охири соли равон 9 нуқтаи танфурӯшӣ ошкор ва ҷилавгирӣ карда шудаанд.

Дар ин кор саҳми Кумитаи кор бо занон ва оина бештар шуморида мешавад. Ин ниҳод дар маҳалҳои буду боши одамон рейдҳо анҷом дода, ҳузури хонаҳои танфурӯширо ошкор месозад ва ба кормандони мақомоти умури дохила хабар медиҳад. Ин мақоми қудратӣ ба маҳалли “дилхушиҳои” занону мардони беҷогард рафта, фаъолияти ояндаи онҳоро масдуд месозад.

Як масъули Кумитаи кор бо занон ва оина дар он назар аст, ки ”бархе маконҳои ташвиқи танфурушӣ ё вақтхушгузаронӣ ки хилофи арзишҳои ахлоқи динӣ ва милли мост аз тарафи бархе кормандони мақомот «криша» доранд.” Кумитаи мазкур иброз доштааст, ки барои тарғиби ахлоқи ҳамида байни духтарон ва занон барномаҳои ҷолиберо рӯи даст доранд ва ҳамарӯза тарғиб менамоянд, ки духтарон ба ин кӯча надароянд, обрӯи миллатро нарезонанд.

Аммо таъкид мешавад, ки барои пеши роҳи танфурӯширо гирифтан ахлоқи мардонро бояд бознигарӣ кард, ки бештар фусҷу фуҷур аз ҷониби онҳо сар мезанад. Коршиносон мегӯянд, дар пойтахти Тоҷикистон хонаҳои танфурӯшӣ ривоҷ кардааст ва ин ба суст гаштани тарбияти динӣ байни мардону занон ва дур мондани ҷавонон аз масҷидҳо бастагӣ доранд. Ҳамчунин ишора мешавад, ки нуқтаҳои танфурӯшӣ аз ҷониби кормандони идораҳои қудратӣ сарпарастӣ мешаванд, чун ин амал дар ҷаҳони имрӯз яке аз тиҷоратҳои сердаромад маҳсуб меёбад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?