Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет4 тоҷик дар Олмон бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд

4 тоҷик дар Олмон бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд

Чаҳор зодаи Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ аз тарафи пулиси Олмон дастгир шудаанд. Хабаргузории dpa-и Олмон ба нақл аз додситони федерол дар шаҳри Карлсруэ гуфт, ин афрод дар ҳудуди сарзамини Рейни Шимолӣ — Вестфалия субҳи 15-уми апрел боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи Bild ному насаби боздоштшудаҳоро нашр кардааст, ки 5 нафар буда, иборатанд аз Равшан Б., Азизҷон Б, Муҳаммадалӣ Г. Фарҳодшоҳ К ва Суннатуллоҳ К. Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати кишвар дар Берлин ҳанӯз дар ин робита изҳори назар накардаанд.

Маҷаллаи «Шпигел»-и Олмон боздоштшудаҳоро ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ нисбат дода ва навиштааст, онҳо бо ҷангҷӯён дар Сурия иртибот доштанд. Ба навиштаи маҷалла, ҳадафи шаҳрвандони Тоҷикистон созмонҳои амрикоӣ дар Олмон ва мунтақидони ислом буданд.

Ба қавли мақомоти Олмон, боздоштшудаҳо барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти тарканда маҳсулотро даст карда буданд. Ба фарзияи маъмурони ҳифзи ҳуқуқ, раҳбари гуруҳ Равс(ш)ан Б.-и сисола аст, ки як сол боз дар боздошт аст.

Мақомоти Олмон соли 2016 низ бо гумони узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва ширкат дар ҷангҳои Сурия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди сарзамини Рейни шимолӣ — Вестфалия боздошт карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular