Рӯзи душанбе бояд нахустин ҷаласаи судии рӯзноманигор Далер Шарипов шуда мегузашт. Онро барои рӯзи 15.04 ба баҳонаи адами ҳузури додситон, ба таъхир андохтанд. Имрӯз ҷаласа баргузор шуд ва баррасаи онро ба таври кушода вале ба сабаби хатари короновирус, ба адади маҳдуд иҷозат доданд ва ҳамон тавр, ки интизор мерафт, ҳузури расонаҳо манъ шуд.
Ба фикри банда рӯзи душанбе вақте кормандони додгоҳи ноҳияи Сино анбӯҳи рӯзноманигорон ва наздикони Далерро диданд, ба додситон хабар доданд ки наояд. То онҳо роҳат ҷаласаро ба таъхир андозанд ва барои ҷаласаи оянда нақшаи пурратаре ва мустаҳкамтаре барои пешгирии ҳузури рӯзгоманигор кашида тавонанд.
Нишастанду фикр карданд ки ба чи васила аз вуруди онҳо ба толор пешгирӣ кунем, ки «дӯстон»-и хориҷии мо, ки грантҳои ҳангуфт мебахшанд аз мо наранҷанд. Ё ба истилоҳ на сих сӯзаду на кабоб.
Сипас ба натиҷае расиданд, ки имрӯз оламро хатари коруно таҳдид дорад, бинобар ин дар толор адади ҷамъ шудан сабаби доман густурдани беморӣ мегардад, бинобар ин бояд ба таври кушода лекин бо шумори маҳдуди наздиконаш гузаронда шавад.
Дар ҳақиқат ман аз пуррӯии масъулони тоҷик дар шигифтам. Мардуми шимол мақолае доранд ки одами пуррӯро мегӯянд: «пӯсти рӯй надорад, пӯсти рӯяшу нишатгоҳаш як аст». Ҳамин мақол ба масъулони ҳамаи зинаҳо ва мақомотҳои тоҷик ба таври 100% тааллуқ дорад.
Чанд рӯзе қабл даҳҳо ҳазор навҷавонро ба майдонҳои варзишӣ кашида оварданд, то рақсу бозӣ кунанд ва табъи “ҷаноб”-ро болида гардоданд, лекин он ҷо коруно хатар надошт! Зеро ҳузури номубораки “ҷаноб” кофист ки балои дигаре онҷо сар халонад. Худованд меҳрубон аст барои миллати мазлум ҳеҷ гоҳ ду балоро якҷоя ҷамъ намекунад.
Маҷлисҳо бо ҳузури масъулон гузаронида мешавад ва онҳо дар толори пӯшида менишинанд, вале коруно онҳоро таҳдид надорад.
Имрӯз дар ҳузури даҳҳо масъулин нишасте баргузор намуда онҳоро мисли шоҳмот аз ҷое ба ҷое гузошт, коруно онҳоро таҳдид надорад
Бо Рустам сайри гули лола баромад ва аз қафои ин ду садҳо нафар овора ва масофаҳо барои пешгирӣ риоя намешуд, онҳоро коруно таҳдид надорад.
Баъди якчанд рӯз маросими «коронатсия»-и Рустамшоҳ аст, хоҳем дид ки оё таҷаммуъи онҳоро низ коруно таҳдид мекунад ё не? Ё чи хеле гуфта гузаштем Худованд меҳрбонтар аз он аст ки болои мардум ду балоро ҷамъ кунад, ҷаноб ва коруноро…
Ба гуфти мардум дар пуррӯи устухон надоранд, мисоли дигараш ин аст, ки масъулони расмӣ ва касоне аз фермаи ҷавоб дар шабакаҳои иҷтимоъи шабурӯз ҷор мезанад ки дар ватан коро нест ва ҳамаи ин воҳимаи мухолифон аст.
Аз тарафи дигар барои ҷинояти худро пӯшонидан ҷаласаҳои судиро ба ин таври «кушода-пӯшида» мегузаронанд. Яъне дар рӯи коғаз кушодаву амалан пӯшида аст.
Лекин инро ҳам метавон пирӯзии озодмардони тоҷик номид ки дар чунин шароити вазнин ва фишори мақомот ҷавонмардоне пайдо шуданд ки барои дифоъ аз родмарде чун Далер ҳозир шаванд ва дар шабакаҳо пахши зинда намоянд ва мардумро дар ҷараён гузоранд.
Озодмардони тоҷик навмед нашавем. Биёед дар пуррӯи шогирди ҳукумат шавем ва пуррӯёна ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи бародарони худро ҳимоя кунем. Ба фикрам пуррӯи дар талаби ҳаққу ҳақиқат айбе нест.
Афшини Муҷтабо
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

