Созмони ҷамъиятии «Нур», ки дар Маскав фаъолият мекунад дар саҳифаи расмиаш дар Facebook рӯзи 16 апрел, аз 66 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус танҳо дар миёни аъзоёни ин ҷамъият хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ то имрӯз, ду нафар аз бемории коронавирус ҷон бохта 66 каси дигар зери назорати табибон қарор доранд. Дар давоми шабонарӯзи гузашта бошад 9 нафар мубталои ин маризӣ шуда, 125 нафар бо гумони гирифторӣ ба COVID — 19 таҳти назорат қарор доранд ва шахсияти 220 нафаре ҳам, ки бо нафарони бемор дар алоқа будаанд, муайян карда шудааст.
Карамшо Мамаднасимов раиси созмони ҷамъиятии «Нур» дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки мақсади аслии нашри ин омор ҳушдор додан ба аъзоёни ҷамъияти «Нур» мебошад, то нисбати саломатии худ бетараф набошанд.
“Мо мехоҳем аъзоёни ҷамъияти «Нур» ҷиддӣ будани авзоъи имрӯзаи Маскавро хуб дарк кунанд. Онҳо набояд ҷони худ ва наздикони худро дар хатар гузоранд. Маҳз ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ин оморро нашр кунем», — гуфтааст Мамаднасимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

