Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСарбози Бритониё дар ҷанги ҷаҳони дувум барои системаи беҳдоштӣ 12 миллион пунд...

Сарбози Бритониё дар ҷанги ҷаҳони дувум барои системаи беҳдоштӣ 12 миллион пунд пул ҷамъ кард

Том Мур, кӯҳнасарбози 99 солаи бритониёӣ пас аз он ки 100 бор тӯли хонаашро давр зад, муваффақ шуд барои системи беҳдоштии Бритониё 12 миллион пунд пул ҷамъоварӣ кунад. 

Капитан Том Мур бо ҳадафи ҷамъоварии кумаки молӣ барои системи хадамоти беҳдошти миллии Бритониё (NHS) эълом карда буд мехоҳад пеш аз таваллуди 100 солагиаш, 100 бор тӯли 25 метрии хонаашро тай кунад. 

Дар ибтидо ҳадафи аввалия ӯ ҷамъоварии 1000 пунд буд, аммо кампини ӯ ба шӯҳрат расид. 

Дар ниҳоят ба лутфи пуштибонии молии ҳудуди 600 ҳазор нафар аз ин кампин, ӯ тавонист рақами 12 ҳазор баробар ҳадафи аввалияи худро ҷамъ кунад. 

Ӯ ҷамъшудани ин маблағро “хориқулъода” тавсиф кард. 

Меттю Ҳенкок, вазири беҳдошти Бритониё ба Бибисӣ гуфтааст, ки ин иқдоми оқои Мӯр барои ҳама илҳомбахш буд. 

Вазири беҳдошти Бритониё гуфт, ки ин бғҳрон ваҳшатнок аст, аммо гоҳе партави нуре ҳам вуҷуд дорад. 

Том Мӯр, ки худ бо кумаки кодри дармонии Бритониё аз бемории саратон ва шикастагии лаган раҳоӣ ёфта буд, корзори ҷамъоварии пул барои системаи дармониро барои ташаккур аз иқдомоти “бошукӯҳ” кодри дармонии Бритониё оғоз карда буд. 

Ниҳоди хайрияи системаи беҳдоштии Бритониё ҳам ин иқдомро илҳомбахш хондааст. 

Капитан Мӯр дар ҷанги ҷаҳони дувум дар Ҳинд ва Бирма хидмат мекард ва пеш аз пайвастан ба артиш ба унвони муҳандис машғули фаъолият буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular