Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНамояндаи СҶБ дубора ба адами вируси коруно дар Тоҷикистон таъкид кард

Намояндаи СҶБ дубора ба адами вируси коруно дар Тоҷикистон таъкид кард

Бо вуҷуди чанд марги шубҳаовар ва бо нишонаҳои бисёр шабеҳ ба коруно, карантини садҳо нафар ва нашри хабарҳои ибтилои нафарони зиёд ба бемории COVID-19, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дубора ба адами ин вирус дар Тоҷикистон таъкид кардааст. 

Тибқи иттлоъи АМИТ “Ховар” дар як “семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коронавирус, ки  17-18 апрел дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ доир гардид” Галина Перфилёва гуфтааст:

«Ҳарчанд то  имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ менамоянд. Сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси  сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобӯ мебошанд. Зеро ин мутахассисон  курсҳои махсуси омӯзиширо дар хориҷ аз мамлакат азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) (Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Паём) пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440 адади  онҳо такрорӣ мебошанд. Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар мамлакат бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуданд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда буд, ки натиҷаашон манфӣ баромад».

Семинар бо ташаббуси маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши хабарнигорон вобаста ба пешгирии коронавирус ва чӣ гуна амал намудани онҳо  дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур дар Тоҷикистон доир гардидааст.

Галина Перфилёва ҳамчунин гуфтааст, ки СБҶ дар Тоҷикистон ба дақиқии ин ташхисҳо итминон дорад, зеро тестҳое, ки барои  ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо мавриди амал қарор дода шудаанд. 

“Мо ҳамарӯза бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мустаҳкам роҳандозӣ намуда, пайваста дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дигар давлатҳо телеконфронсҳо баргузор  менамоем” — гуфтааст роҳбари Намояндагии доимии Бюрои аврупоии СБҶ дар Тоҷикистон

Галина Перфилёва аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки “ягон давлати олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд. Аз ин рӯ рӯзноманигоронро зарур аст, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводеро омода намоянд, ки дорои рақаму  далелҳои воқеӣ буда, мардумро ба пешгирии сирояти коронавирус ҳидоят созанд”.

“Агар СOVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад, дар ин сурат ТУТ ва шарикони рушд  ба ҷумҳурӣ барои мубориза бо он ва табобати гирифторон кумаки зиёд мерасонанд”,-афзуд Галина Перфилёва.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular