Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоФитнаи нави КДАМ алайҳи наҳзатиҳо

Фитнаи нави КДАМ алайҳи наҳзатиҳо

Бо гузашти беш аз як сол аз хориҷшавии маҷбурии ҲНИТ — рақиби аслии ҳукумат аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон, мақомоти олии кишвар ҳанӯз на танҳо аз мубориза, балки аз дасисабозиҳои бачагонаашон алайҳи ин ҳизб даст накашидаанд.

Бо вуҷуди он, ки тӯҳматҳои бепоёнашон бо истифодаи ВАО-и давлатӣ ва ҳатто дар сатҳи мақомоти баландпояи давлатӣ алайҳи ин ҳизб, фишору таъқибу куштору ҳабси пайравони он, манъи фаъолияташ дар кишвар ва эълони террористи будани он ҳеҷ натиҷае надода, баръакс ҲНИТ-ро қавитар ва ҷаҳонӣ кард, ҳанӯз дарсе аз хатоҳои худ набардоштаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ усули нави “мубориза” бо наҳзатиҳоро пеш гирифтааст, ки аз усулҳои қаблиаш тафовути калоне надорад. Ин ниҳод кӯшиш дорад хонаводаҳои маҳбусин ва муҳоҷирини наҳзатиро бо ҳам бишӯронад.

Тибқи нақли шоҳиде, ки дар бозори Шоҳмансур ҳодисаро назора кардааст, 3 нафар бо либосҳои мулкӣ ҳамсари яке аз маҳбусони сиёсиро (бо сабаби ахлоқӣ аз зикри номаш худдорӣ мекунем) ба маркази ин бозор оварда, ба ӯ чанд дақиқа дар хусуси чӣ гуфтанаш сӯҳбат мекунанд. Яке аз онҳо ҳатто амр мекунад то он хонум бо садое ҳарф занад, ки ҳадди ақал аз 30 метр шунида шавад. Ҳангоми “машқ”-и онҳо телефони дастии он хонум занг мезанад ва ӯ гӯширо бардошта ба касе ҷои истодаашро мефаҳмонад.

Чанд дақиқа пас ба назди ӯ яке дигар аз ҳамсарони маҳбусони сиёсии наҳзатӣ меояд. Байни онҳо сӯҳбат оғоз мешавад ва хонуми аввалӣ бо садои баланд ба муттаҳам кардани наҳзатиҳо ва раиси ҲНИТ оғоз мекунад. Яке аз ҳарфҳояш ин будааст, ки “шавҳарони мо ҳабс шуданд, лекин дигар наҳзатиҳо дар хориҷ аз ҳисоби хоҷагони эронияшон кайф карда хӯрда гаштаанд.” Хонуми дуввум ҳарчӣ аз аввалӣ хоҳиш мекунад, ки бо садои пасттар сӯҳбат кунад, аввалӣ садояшро баландтар мекунад ва гоҳ гоҳ ба тарафи он се нафар нигоҳ карда, аз онҳо бо ишора дастур мегирад. Хонуми аввалӣ маҷбур мешавад саҳнаи сохтаро тарк кунад, вале дуввуми то наздикии дари бозор аз пасаш меравад ва бо садои баланд Наҳзату наҳзатиҳоро дашном мекунад.

Манбаъи мо гуфт, яке аз он се нафарро ҳамсоядӯконаш шинохтааст, ки корманди КДАМ будааст.

Тибқи иттилои дигаре, ки мо дар даст дорем, хонаводаҳое, ки ҳозир нашудаанд бо талаби мақомот алайҳи Наҳзат сӯҳбат кунанд, 5-6 моҳ аст, ки наметавонанд иҷозаи вохӯрӣ дарёфт кунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика