Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТести корунои раиси Маҷлиси Эрон дубора мусбат шуд

Тести корунои раиси Маҷлиси Эрон дубора мусбат шуд

Узви ҳайати раёсати Маҷлиси Эрон аз идомаи вазъияти ибтилои Алӣ Лориҷонӣ, раиси ин ниҳод ба вируси COVID -19 хабар дод. 

Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон,ки чанде пеш хабари тести мусбати ибтилои вай ба вируси корунои ҷадид “COVID -19” эълом шуда буд, ҳанӯз беҳбуд наёфта ва ҷавоби тести ҷадиди вай низ мусбат шудааст. 

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Асадуллоҳ Аббосӣ, сухангӯи ҳайати раиси Маҷлиси Эрон бо эъломи ин хабар гуфт: Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ, ки қарор буд ин ҳафта дар маҷлис ҳозир шавад ба далели манфӣ нашудани тести коруноияш ҳамчунон дар карнтина хоҳад буд. 

Лориҷонӣ дар ҷаласоти ин ҳафта Маҷлиси шӯрои исломӣ ширкат нахоҳад кард ва ҳамчунон таҳти назари пизишк ва дар карантин хоҳад буд. 

Чанде пеш хабари мусбат эълом шудани тести корунои Алӣ Лориҷонӣ раиси Маҷлис мунташир шуд ва аз он замон то кунун Лориҷонӣ дар карантини хонагӣ ба сар мебарад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular