Бо гузашти соатҳои тулонӣ аз боздошти Ҷураева Савринисо ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит муовини зиндонии раиси ҲНИТ, ҳеҷ дараке нест.
Ҳамчунон, ки имруз хабар дода будем хонум Савринисо Ҷураева ва яке аз фарзандонаш Фирузро ки кормандони КДАМ зуҳри имрӯз бо худ бурда буданд, ҳеҷ дараке набуда тибқи иттилоъи як манбаъ телефони дастиаш низ то ба ҳол хомӯш будааст.
Ин манбаъ ба мо гуфт: “Як фарзанди хурдии хонум Савринисо, ки дучори бемории зардпарвин мебошад, дар хонаи аммааш гирёну нолон интизори модар аст. Якхел гиря мекунад. Телефони мобилии модараш хомӯш аст, садҳо бор занг задем. Писараш Фирӯзро ҳам кормандони мақомоти амниятӣ бо худ бурда буданд. Аз вақти бурданашон то ба ҳол ба ҳама мақомоти зидахл муроҷиат кардем, ҳеҷ дараке нест.”
Ҳарчанд ин хабар расонаӣ шуд, то ҳол мақомот расман боздошти хонум Савринисо ва писараш Фирӯзро тасдиқ ва ё рад накарданд. Дар ҳоле, ки фаъолони ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин амали мақомотро маҳкум намуда онро гаравгонгирии шаҳрвандон ва боздошти фарзандонро шиканҷа хондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, хонум Савринисо Ҷураева дар хона тифли бемор доштааст.
Гуфта мешавад ин бархурди мақомот мавриди шиканҷа қарор гирифтан ва ваҳим будани вазъи саломатии Муҳаммадалӣ Ҳайитро тасдиқ мекунад.
Ёдовар мешавем, зуҳри имрӯз, баъди кофтукоби манзили Муҳаммадалӣ Ҳаит аз ҷониби кормандони КДАМ, писари ӯ Фирӯз бо модараш Савринисо Ҷӯраева боздошт ва ба макони номаълум бурда шуданд. Фирӯзро, ки дар кӯча будааст, чанд корманди мақомоти қудратӣ хостаанд боздошт намуда ба мошин нишонанд, вале ӯ фирор карда ба хонаашон даромадааст. Баъдан кормандони мақомоти қудратӣ ба хонаи онҳо даромада, онҷоро кофтукоб кардаанд. Баъди кофтукоб Фирӯз ва модарашро боздошт намуда бо худ бурдаанд.