Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуовини Эмомалӣ Раҳмон дучори коруно шудааст?

Муовини Эмомалӣ Раҳмон дучори коруно шудааст?

Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳамроҳ бо духтараш дар беморхонаи шаҳрии касалиҳои сирояткунандаи Душанбе бистарӣ шудааст. Раёсати ҲХДТ ба дӯши худи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тибқи иттилоъи хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба “манбаъи мӯътамад”-аш вазъи саломатии муовини Эмомалӣ Раҳмон вазнини миёна арзёбӣ мешавад. Аммо вазъи духтари ӯро манбаъ вазнин гуфтааст. 

Қаблан сойти “Ахбор” аз ба карантин гирифта шудани Хайринисо Юсуфӣ ва 35 корманди Бонки Миллӣ хабар дода буд.   

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари бистарӣ шудани Юсуфӣ ва саббаи онро тасдиқ ё рад накардаанд.

Пизишкон мегӯянд, Хайриннисо Юсуфӣ баъди баланд шудани ҳарорати духтараш ба бемористон интиқол ёфт.

Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми апрел гуфта, ки Юсуфиро барои эҳтиёт бистарӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд.

Бистарӣ шудани хонум Юсуфӣ, ки то моҳи март муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархеҳо ба робитаи хешутабории Хайриннисо Юсуфӣ бо шоир Озарахш ишора мекунанд, ки ахиран бо нишони илтиҳоби роҳҳои нафас бистарӣ шуд.

Мақомот ба ин нигарониҳо посух намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, «вазъи саломатии Хайриннисо Юсуфӣ хуб аст”.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки барояш муяссар нашуд бо худи ӯ ё пайвандонаш суҳбат кунад. Як нафари бохабар аз ҳоли хонуми Юсуфӣ ба ин расона гуфтааст, «на танҳо ӯ, балки аҳли хонадонаш феълан дар карантинанд».

Аз чеҳраҳои саршинос ба ҷуз аз Хайриннисо Юсуфӣ ва шоир Озарахш инчунин адиб Муҳиддин Хоҷаев бо нишонаҳои пневмония ё илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст.

Фавти чанд нафар, аз ҷумла физики машҳур Абдуалӣ Тоиров, додситон Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ва устоди Литсейи рақами 1-и пойтахт Хуршед Каримов аз ҳамин беморӣ миёни мардум шубҳаи пайдо шудани коронавирусро дар кишвар ба бор овардаанд, аммо Вазорати тандурустӣ инро ҳамвора рад мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди COVID-19 дар кишварро рад мекунанд ва марги даҳҳо нафар дар чанд рӯзи гузаштаро ба илтиҳоби шуш рабт медиҳанд.

Намояндаи Галина Перфилева, раҳбари намояндагии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ низ қаблан ин иддаои мақомти Тоҷикистонро тасдиқ мекард, аммо баъди эълони сафари намояндагони СБҶ ба адами коруно дар Тоҷикистон шубҳа кард. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular