Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПасвандҳои русии насаб дар Тоҷикистон манъ шуданд

Пасвандҳои русии насаб дар Тоҷикистон манъ шуданд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба қонун “Дар бораи қайди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро тасвиб кард, ки тибқи он истифодаи пасвандҳои русӣ барои насаб дар Тоҷикистон манъ шуд. Танҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз ин таҳрим истисно ҳастанд.

Хати таваллуд минбаъд танҳо бо пасвандҳои тоҷикии насаб дода мешаванд. Пасвандҳои русӣ мисли  “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна” минбаъд истифода намешаванд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки ин қонунро дар парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ки тағйирот ба қонун танҳо гирандагони нави хати таваллудро дарбар мегирад. Онҳое, ки қаблан бо пайвандакҳои русии насаб шаҳодатномаи таваллуд гирифтаанд, метавонанд бо ҳамон шакли насаб шиноснома гиранд.   

“Тағйироти воридкардашуда ба қонун “Дар бораи қайди ҳолати шаҳрвандӣ” ба онҳое дахл дорад, ки баъди мавриди иҷро қарор гирфитани қонун шаҳодатнома мегиранд. Минбаъд пасвандҳои суннатии тоҷикии насаб аз қабили “зод”, “зода”, “он”, “ён”, “духт”, “пур” и “фар” истифода хоҳанд шуд. Барои намояндагони ақаллиятҳои миллие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, истисно аз ин қонун пешбинӣ шудааст” — изҳор дошт вазир. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular