Тадқиқгарони соҳаи боду ҳавошиносӣ бо нигаронии амиқ тахмин мезананд, ки соли 2020 гармтарин сол дар таърихи башарият хоҳад буд ва балои дигаре ҷаҳонро интизор аст.
Ин маълумот дар рӯзномаи New York Post нашр шуд.
Тавре рӯзномаи New York Post менависад, аз рӯи маълумоти додаи мутахассисони Амрико бо эҳтимол ва боварии 75 дар сад соли 2020 гармтарин сол дар таърих мешавад. Сабаби инро коршиносон адами риояи покизагии муҳити зистдониааст. Ҳамасола аз сӯзиши газу нафту ангишт миллионҳо тонна заҳр осмонро фаро мегирад.
Ҳатто агар соли 2020 гармтарин дар таърихи инсоният ҳисобида нашавад ҳам ба панҷгонаи гармтарин солҳо албатта шомил мешавад. Дар моҳи январ дар қитъаҳои арктикии ҷаҳон боришоти ками барф ба нақша гирифта шуд. Дар қитъаи Антарктида бошад феврал гармтарин моҳ маҳсуб шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

