Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетAmnesty International Раҳмонро дар ночиз донистани хатари коруно гунаҳкор хонд

Amnesty International Раҳмонро дар ночиз донистани хатари коруно гунаҳкор хонд

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International  бархе ҳукуматҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказь, аз ҷумла Тоҷикистонро барои вокуниши саркӯбгаронаву хушунатомезашон ба муқобила бо паҳншавии коронавирус ва барои нодида гирифтани хатари пандемия интиқод кард.

Дар гузориши охири Созмони Афви байнулмилал, ки имрӯз тарҷуммаи онро радиои Озодӣ нашр кард, гуфта мешавад, ки  “раҳбарони сиёсии Беларус, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷиддияти пандемияи COVID-19-ро ночиз гирифта,  барои муқобила бо ин вирус чораҳои мардумиро таблиғ карданд”. 

Созмони Афви байнулмилал “раисҷумҳур Эмомалӣ  Раҳмонро ба он гунаҳкор донист, ки хатари коронавирус дар Тоҷикистонро ҳамоно ночиз мешуморад ва иддао дорад, ки намунаҳои меъёри тозагии инфиродӣ ва поккории Тоҷикистон сабаби он шуд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад”. 

Ин созмон мегӯяд, дар Тоҷикистон чандин тадбири фосилагирии иҷтимоӣ рӯи даст гирифта шуд, вале мағозаву бозорҳо боз мемонанд. Созмони Афви байнулмилал, дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус муассисаҳои тиббӣ таҳти карантин гузашта, шакли кори беморхонаҳо мутобиқан тағйир дода шуд. Дар боздоштгоҳу зиндонҳо мулоқот бо зиндониҳо муваққатан манъ шуда танҳо дар бархе ҳолатҳо вакилони дифоъ бо зерҳимояҳои худ дидор мекунанд.

“Аз 22 апрел ба ин сӯ мақомот таъкид мекунанд, ки ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад ва тамоми ҳодисаҳои марбут ба афзоиши беморони бистариро бо нишонаҳои бемориҳои роҳи нафас ба пневмония рабт медиҳанд”.

Дар гузориши Афви байнулмилал бархе кишварҳои Аврупои Шарқиву Русия ва Осиёи Марказӣ барои вокуниши сахту бераҳмона ва поймолкунии ҳуқуқи инсон интиқод шудаанд. Аз ҷумла, дар гузориш омадааст, ки “Дар Қазоқистон мақомот дарҳои хонаҳои серошёнаро кафшер ба истилоҳ сварка карда, дар Чеченистон ходимони полис мардуми бе ниқоб ба кӯча баромадаро латукӯб мекунанд”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular