Пас аз як моҳи аввалин марг аз коруно, билохира мақомоти Тоҷикистон ба вуҷуди он дар кишвар эътироф карданд. Ин эътироф бомби таркидаро мемонд, ки садояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳанӯз шунида мешавад. Дарҳол баъди эътирофи мақомоти кишвар сойти Worldometers, ки омори дақиқа ба дақиқаи коруноро пайгирӣ мекунад, Тоҷикистонро дар рӯйхаташ ҷой дод.
Расонаҳои Тоҷикистон ва минтақа ҳам имрӯз мисли рӯзҳои қабл пур аз хабарҳои вобаста ба COVID-19 буданд.
1. Хабаргузории давлатии “Ховар” зери сарлавҳаи “Хабари фаврӣ” ки дар нишасти навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19 баргузор гардид. “Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст”.
2. “Радиои Озодӣ” менависад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳушдор дод, ки барои паҳн кардани «маълумоти носанҷида дар бораи сирояти коронавирус» онҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад. Хабарнигорон бошанд мегӯянд, масъулон ба суолҳо саривақт посух намедиҳанд ва ин вазъ боис ба сарусадоҳо дар байни ҷомеа шудааст. Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев инро бемасъулиятии афроде донист, ки дар Вазорати тандурустӣ дар бахши иттилоъ кор мекунанд. “Фикр мекунам, дар шароити феълӣ пинҳон кардани маълумот ҷиноят аст. Мо ҳатто ба ҳамкоронамон дар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардем, ки таҷрибаи нишастҳои хабарии ҳаррӯзаро роҳандозӣ кунанд, то ҳар рӯз ба хабарнигорон маълумоти нав дода шавад” — гуфт ӯ.
3. Сойти “Маркази таҳлили Осиёи Марказӣ” бо истинод ба як манбаъаш дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд ки дар ин вилоят 718 нафар ба вируси коруно гирифтор шудаанд. Ин манбаъ гуфтааст ба хотири камтар нишон додани беморон, табибон аз ба беморхона бурдани беморони ҳолаташон на чандон вазини худдорӣ мекунанд ва ба онҳо тавсия медиҳанд дар хонаҳояшон табобат гиранд.
4. “Азия Плюс” , ки қариб ними дорухонаҳо дар шаҳри Бӯстони (собиқ Чкалов) вилояти Суғд баста буда, дар ними дигараш қимати доруҳо бамаротиб боло рафтаанд. Фурӯшандагони мағозаҳои хӯрокворӣ бар замми ниқоб, ҳамчунин айнакҳои ҳимоятӣ пӯшидаанд
5. “Паём” бо истинод ба яке аз наздикони Эҳсонуллохон Кароматуллоев, муовини раиси ширкати “Оби Зулол” хабр дод, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бемории қалбӣ надоштааст. Қаблан мақомот марги Кароматуллоевро ба бемори қалбӣ рабт дода буданд. Манбаъ гуфтааст ҳоло кулли хонаводаи онҳо ба карантини шадид гирифта шудааст.
6. Радиои Озодӣ аз суханони Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки ӯ гуфта Бузургмеҳр Ёров аз саломатиаш шикоят надорад. «Рӯзи гузашта дар Интернет дидам ва сардори муассисаро даъват карда, дар бораи Бузургмеҳр Ёров суҳбат кардам. Асос надорад ва имкон додем, ки Ёров ба хонаводааш занг зада, гӯяд, ки саломатиаш чӣ гуна аст», — изҳор доштааст Умаров.
7. Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар саҳифаи фейсбукиаш , ки чанд нафар аз кормандони Бемористони Ибни Сино низ ба ин беморӣ мубтало шуданд ва дар ҳоли ҳозир зери муроқибат қарор доранд. Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст “мо ният дорем, ки аз аввали ҳафтаи оянда, рӯзи 4 май ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони уфунӣ ба сомон расонем ва агар вазорати тандурустӣ лозим донад, мо низ ба қабули беморони уфунӣ оғоз хоҳем кард”.
8. “Азия Плюс” ки рӯзи ҳамсари нависанда Муҳиддин Хоҷазод аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) вафот кардааст. Вазъи солимии худи адиби 82-сола муътадил арзёбӣ мешавад. Ӯ ҳоло ҳам дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ мебошад.
9. “Паём” , хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар микрорайони 20 Хуҷанд ҷойгир аст, аз донишҷӯён холӣ мекунанд. Қарор аст бинои хобгоҳро барои ҷойгузин кардани афроди карантиншуда истифода баранд. Ба тамоми донишҷӯён дар хобгоҳ амр шудааст, бағочи худро ҷамъ карда, хобгоҳро холӣ кунанд. “Паём” ҳамчунин бо истинод ба манбаъи дигараш навишт, ки донишҷӯёни курсҳои аввал, дуввум ва саввум дар тамоми кишвар аз фардо, 1 май ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.
10. “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , рӯзи 30 апрел подполковник Шоҳрух Саидзода, президенти дастаи футболи «Истиқлол” ва сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон дар беморхонаи «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ карда шудааст. Манбаъ гуфтааст, Шоҳрух Саидзодаро бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ кардаанд, вале тибқи муқаррарот, ҳамаи чунин беморон аз ташхиси коронавирус низ хоҳанд гузашт.
11. “Радиои Озодӣ” як бахши шифохонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мақомот, аз беморони илтиҳоби шуш пур шудааст. Дар паси дари бахши 5-уми бемористон навиштаанд, ки «Беморхона муваққатан бемор қабул намекунад». Хабарнигорони радио шоҳид шуданд, ки чанд нафарро аз дарвозаи бемористони «Истиқлол» пас гардонданд.
12. “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат , кормандони тиббии Тоҷикистон, ки дар тадбирҳои пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, ба ғайр аз музди меҳнат, иловапулӣ хоҳанд гирифт. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар ин хусус санади дахлдор қабул мешавад. Айни замон, ба гуфтаи манбаъ, сохторҳои дахлдор ҳаҷми иловапулиро бо назардошти имконоти мавҷудаи буҷет муайян карда истодаанд.
“Эҳтимол ба табибон иловапулии баробар ба музди меҳнаташон дода мешавад”, — таъкид доштааст ӯ.
13. Хабаргузории “Авеста” навореро , ки дида мешавад гурӯҳе бозори “Корвон”-и пойтахтро зиддиуфунӣ мекунанд. Манбаъ навиштааст тамоми бозорҳои ғайрихӯрокии пойтахтро барои даҳ рӯз бастаанд.
14. Муқаддас Умарова, пизишки маркази ташхис ва табобати «Шифо» дар шаҳри Душанбе, барои пешгирӣ аз шиддат ёфтани буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар бо чанд пешниҳод . “Ҳодисаҳои рӯзҳои ахир ба мо бесалоҳиятӣ, карахтӣ, хунукназарӣ ва амалкарди ғайрикасбии Вазорати тандурустии кишвар ва афроди дигари масъул дар ин соҳаро нишон дод… Дар ин робита иқдомоти хосеро барои берун рафтан аз вазъият пешниҳод мекунам”-навиштааст ӯ.
15. Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар мавриди вазъияти иқтисодии Тоҷикистон гузориши ҷадиде . Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки коронавирус метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон миёншикан бошад. Бино бар ин гузориш, ҳамагирии тӯлонимуддати коронавирус, ташдиди таниш дар тиҷорати ҷаҳонӣ ё коҳиши амиқтари рушди иқтисодӣ дар иқтисодҳои бузурги минтақа аз тариқи коҳиши тиҷорат, сармоягузориҳои мустақим ва ирсоли пул бар иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
16. “Азия Плюс” ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) баҳри муайян кардани вазъи марбут ба коронавирус имкон меҷӯяд, ки ба самти Тоҷикистон парвоз кунад. “Ҳайат имшаб озими Тоҷикистон шуда, кӯшиши парвоз ба Душанбе хоҳад кард. Ин кори осон нест, зеро сарҳадҳо бастаанд. Дар роҳ душвориҳо пеш омада метавонанд, лекин умедворем, ки ба он ҷо мерасем. Вақте ки ба он ҷо расидем, дар ҳамдастӣ бо сохторҳои расмӣ кор хоҳем кард, то ки вазъ маълум шавад”, — гуфтааст ҳамоҳангсози Дафтари кории аврупоии СҶТ Дорит Нитзан зимни нишасти матбуотӣ.
17. “Паём” хабар дод аз субҳи имрӯз дар паёмакрасонҳои Тоҷикистон матни ҳушдоре давр мезанад, ки дар он гуфта мешавад сар аз фардо тамоми зангҳову паёмакҳо сабт ва пайгирӣ хоҳанд шуд. Ин матн гӯё аз номи ВКД расонаӣ шудааст, аммо дар сойти ин вазорат дида намешавад ва хабар расмӣ ҳам нест. Дар ҳамин ҳол матни русии ҳамин ҳушдор аз номи Кумитаи амният паҳн мешавад. Муҳандиси IT Парвиз Шокирҷонов, гуфтааст “ҳанӯз дар Тоҷикистон имкониятҳои техникии ин кор вуҷуд надорад. Албатта онҳо метавонанд зангҳои муқаррарӣ аз телефонҳоро гӯш кунанд, аммо сабти паёмакрасонҳо мисли Ватсап, Вайбер, Имо, Месенҷери фейсбук бе ҳамкории моликони ин паёмакрасонҳо тақрибан ғайриимкон аст”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

