Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп ба телеканали CBS гуфтааст, ки аз маоши президентӣ даст мекашад ва дар як сол 1 доллар аз буҷаи кишвар ба сифати ҳақуззаҳмат мегирад.
Маоши перзиденти Амрико дар як сол 400000 доллар аст, ки миллиардери амрикоӣ ва кунун президенти ин кишвар ДоналдТрамп эълон доштааст, онро нахоҳад гирифт.
Ин дар ҳоле аз забони Доналд Трамп садо дод, ки дар Амрико тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ӯ ба таври густарда идома дорад ва тазоҳургарон, ки ҷонибдори Ҳиллари Клинтон, номзад аз ҳизби Демократии ин кишвар ба мақоми президентӣ мебошанд, Трампро дар нажодпарастӣ, табъизи ҷинсӣ, ҳамҷинсгароситезӣ, бегонаситезӣ ва ҷанггароӣ айбдор медонанд.
Трамп ба тазоҳургарон гуфтааст, ки аз ӯ натарсанд ва нигарон ҳам набошанд, дар саҳнаи сиёсат вай худро дар шакли дигар ҷилва хоҳад дод. Гуфта мешавад, Доналд Трамп ҳанӯз ҳангоми тарғиботи пешазинтихоботӣ таъкид карда буд, ки маоши президентиро нахоҳад гирифт ва онро ба ҳисоби хазинаҳои хайриявӣ ирсол хоҳад дошт.