Имрӯз на танҳо шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама дар бораи вируси коруно ҳарф заданд, балки расонаҳо ҳам матолиби зиёде дар ин бора нашр карданд.
Хабари марги чанд нафар, сафари намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва муроҷиъат ба раисҷумҳур аз мавзӯъҳои аслии расонаҳо дар 1 май буданд
1. “Ахбор” Илҳом Сарабеков, собиқ қаҳрамони Осиё дар гуштини самбо шаби 29 ба 30 апрел дар бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 44-солагӣ вафот кард.Табибон ба наздиконаш илтиҳоби шушро сабаби марги паҳлавони шинохтаи тоҷик номидаанд. Ҷанозаи Илҳом Сарабековро аз мошини «Ёрии таъҷилӣ” нафуроварда, намози ҷаноза карда ва сипас бо ҳамон мошин барои дафн бурдаанд.
2. “Паём” аз гуфтугӯи мутақими Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо мардум дар робита ба эътирофи ҳукумат бар вуҷуди коронавирус. Кабирӣ дар пахши мутақим, ки шоми 30 апрел баргузор шуд таъкид кард, ки “ончӣ дар Тоҷикистон рух дод, ин як ҷинояте буд дар сатҳи давлату миллат ва ҷинояти андак нест. Ин ҷинояте буд, ки ҷинояткори асосиаш як нафар аст, ки он ҳам президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад”. Ӯ гуфт “мо набояд иҷоза бидиҳем боз ин ҷиноятро ба дигарон нисбат диҳанд ва Раҳмонро наҷотдиҳандаи миллат ба тасвир оваранд”.
3. “Радиои Озодӣ” бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб аз он нигаронанд, ки кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои зисти мардум «дезинфексия» ва ё поккорӣ нашудааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, мақомот вуҷуди коронавируси навро дар кишвар тасдиқ карда, ба чораҳои пешгирӣ аз густариши он дастур доданд.
4. Сойти “Маркази таҳлили Осиёи Марказӣ” бо истинод ба мудири яке аз беморхонаҳои вилояти Суғд , ки дар арафаи сафари намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, табибон беморонеро, ки табъ надоранд ба хонаҳояшон мефиристанд. Ин табиб гуфтааст “моро бо таҳдиди рондан аз кор маҷбур мекунанд мӯҳлати карантинашон тамом нашуда беморонро ҷавоб диҳем. Онҳо метавонанд дигаронро сироят созанд. Шунидам, ки фармони вазири тандурустӣ будааст”.
5. Сойти “Ню Репортер” гузориши муфассале аз пинҳонкории мақомот дар бораи вируси коруно, фишори онҳо болои рӯзномнигорон ва омори гирифторону ҷонбохтагон Дар Тоҷикистон . Дар ин гузориш ба духӯрагиҳо дар амалкарди мақомот таваҷҷӯҳ шудааст.
6. “Азия Плюс” , ки Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дар бемористон бистарӣ шудани муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиевро рад кард. “Ҷамолиддин Нуралиев айни замон дар утоқи корияш қарор дошта, вазъи солимияш хуб аст, — гуфтаанд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ. — Овозаҳо дар бораи аз коронавирус сироят ёфтани ӯ асоси воқеӣ надоранд”.
7. Дар фейсбук саҳифаи махсуси вобаста ба вируси коруно бо номи Covid-19: Тоҷикистон . Дар ин саҳифа ахбори вобаста ба беморӣ, омор ва маслиҳати табибон нашр мешавад.
8. Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар саҳифаи фейсбукиаш , ки Саидзода Шоҳрух Абдуфаттоҳ, сардори ин Раёсат дар беморхона бистарӣ нашудааст. “Бо мақсади эҳтиётӣ, дар гушанишини хона ҷойгир аст. Сабаб шамол хурдан мебошад. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба манбаҳои беэътимод бовар накунед ва вобаста аз имконият аз хона берун набароед” — омадааст дар баёния.
9. “Ахбор” субҳи 1 май дар шаҳри Кӯлоб ҷанозаи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор, сокини кӯчаи Чармгарон ва як соҳибкори шинохта дар ин минтақаро ба хок супурданд. Намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ба сабаби аз пневмония вафот кардани ӯ дар қабристон бо имоматии Ҳоҷӣ Мирзо доир шудааст.
10. “Паём” зери рубрикаи “Нома ба “Пешво”” номаи пурсӯзи нафақахӯр Исломиддин Садировро , ки дар он ӯ Эмомалӣ Раҳмонро ба пинҳон доштани вирус ба хотири вазифаи нави писараш Рустами Эмомалӣ, фирор аз мушкилоти коруно ҳамроҳи хонаводааш ва чанд ҷинояти дигар айбдор карда, аз ӯ талаби истеъфо кардааст.
11. Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID-19 сенарияи эҳтимолии густариши вирус ва шумораи тахминии беморон ва қурбониёнро. Бино ба пешбинии ин бонк, ки се сенарияи эҳтимолии густариши вирусро баррасӣ кардааст, дар Тоҷикистон, мумкин аст, аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, имкон дорад аз 6 ҳазору 536 нафар то 21 ҳазору 25 нафар фавтанд.
12. “Радиои Озодӣ” бо истинод ба мактуби Бонки ҷаҳони “мувофиқи барнома аз 11,3 миллион долларе, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кардааст, 6,30 миллион доллар барои боло бардоштани зарфияти табобати сареъ дар бемористонҳо, аз ҷумла хариди таҷҳизот, 1 миллион доллар барои омода кардани ҷомеа барои мубориза ба зидди беморӣ, 3 миллион доллар барои расонидани ёрии муваққатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва 1 миллион доллари боқӣ барои иҷро ва арзёбии барнома харҷ хоҳад шуд”.
13. Хабаргузории “Авесто” гузориши аксие аз кӯчаҳои Душанбе , ки дида мешавад аксарияти кул ниқоб пӯшидаанд ва зимни навбатпоӣ масоаро риоя мекунанд. Ҳамчунин аксҳо кӯчаҳои пойтахтро нимахолӣ нишон медиҳанд.
14. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон амри Эмомалӣ Раҳмонро , ки дар он гуфта мешавад аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо карда шавад. Ҳамчунин Раҳмон маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронидаст.
15. “Азия Плюс” ки Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” субҳи 1-уми май аз фурудгоҳи Душанбе ба самти шаҳри Франкфурти Олмон парвоз кард.
Дар парвози бозгашт шаҳрвандони дар Олмон бо сабабҳои гуногун дармондаи Тоҷикистон ва 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ва 95 навъи маводи тиббӣ, ки ширкати “Сифат-Фарма” аз Аврупо харидорӣ кард, ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
16. “Ахбор” ду роҳбари баландпояи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон — муовини вазири дохила генерал-майор Саидзода Маҳмадсаид Борон ва сардори раёсати ВКД дар нақлиёт генерал-майор Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод бо аломатҳои илтиҳоби шуш дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ карда шудаанд.
17. “Радиои Озодӣ” навишт 16 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ин ниҳод талаб кард, ки ба чанд масъалаи муҳим рӯшанӣ андозад ва посухи чанд суоли муҳимро аз Вазорати тандурустӣ пурсад.
18. “Паём” навори 4-сониягиеро , ки дар он дида мешавад, ки дар як ҳуҷраи беморхона ду ҷасади кафанпеч дар ду кати хоб гузошта шудаанд. Дар байн тахтаи мурдашӯӣ қарор дорад. Ҳамчунин назди тахтаи мурдашӯӣ сатили об истода, фарш ҳам тар аст ва фаҳмида мешавад, ки мурдаҳоро тоза шуста кафан кардаанд. Гуфта мешавад навор дар Истаравшан сабт шудааст.
19. “Азия Плюс” , ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳавопаймои Сомонэйр аз Франкфурт парво кардаанд ва субҳи 2 май ба Тоҷикистон мерасанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

