Вазорати тандурустӣ дирӯз шоми 3 май эълон кард, дар кишвар 128 нафар мубталоёни ба COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора телевизиони давлатӣ шоми хабар дод ва гуфт, ки 52 мавриди нави сирояти бемории COVID-19 – ро дар Тоҷикистон сабт кардааст.
Ин гузориш тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар расонаӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар як шабонарӯзи гузашта бештар аз 200 нафарро муоина кардаанд ва ба хона ҷавоб додаанд.
Пештар аз ин расонаҳои давлатӣ аз қавли вазорат хабар доданд, то рӯзи 2-уми май дар кишвар коронавирус ба 76 нафар сироят кардааст. Дар ин рӯз бори аввал аз марги ду нафар бар асари ин беморӣ хабар доданд. Телевизионҳои давлатӣ ва вазорат ҷузъиёте аз ин бештар надодаанд ва нагуфтанд, ки беморон дар кадом вилояту ноҳияҳо сабт шудаанд ва теъдоди гирифторон дар куҷо зиёдтар аст.
Ҳукумати Тоҷикистон то рӯзи 30-уми апрел мегуфт, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти бемориро сабт накардааст, ҳарчанд шубҳаву гумон дар ин бора зиёд буд. Сирояти беморӣ дар чаҳор кишвари атрофи Тоҷикистон ва марги садҳо нафар дар онҳо, фавти даҳҳо нафар дар худи Тоҷикистон бар асари бемории ба гуфтаи мақомот “илтиҳоби шуш” шубҳаву гумонҳоро зиёдтар кард.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукуматро ба пинҳонкорӣ муттаҳам кард ва корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро зери танқид гирифтанд, ки бо ин рафторашон сиҳатии оммаро зери хатар мегузоранд. Баъд аз ин ҳукумат рӯзи 30-уми апрел якбораву ногаҳон эълон кард, ки дар вилояти Суғд 10 нафар ва дар Душанбе 5 нафар бемории COVID-19- ро доранд ва дастур дод, ки мардум фақат бо ниқоби тиббӣ берун оянд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

