Дар таҳоҷуми Доъиш ба мавозеъи Ҳашд-уш-шаъбӣ дар ҷануби Тикрит, дасти кам 12 шибҳинизомии шиъӣ кушта шуданд. Ин ҳамла, ки дар аввалини соати бомдоди шанбе рух дода, бузургтарин таҳоҷуми давлати Исломӣ пас аз ақибнишинии густурда аз хоки Ироқ аст.
Таҳоҷуми Доъиш ба «Ҳинг Даҷла» ва «Тип 41»-и Ҳашд-уш-шаъбӣ дар минтақаи «Балад» ва «Макшфа» дар Ироқ, ҷони ҳадди ақал 12 узви Ҳашд-уш-шаъбӣ ро гирифт. Як манбаъи амниятӣ ба хабаргузории Фаронса гуфта, ки Доъиш дар чанд камин, ба воҳидҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ дар ғарби Ирбил, Ясриб ва ҷануби Тикрит ҳуҷум бурд. Маҳалли нахустини ҳамла, Сомиро дар 180 километрии шимоли Бағдод будааст.
Ҳашд-уш-шаъбӣ дар нахустин вокуниш дар иттилоияе гуфта буд: “Шаш нафар дар ҳамлаи нахуст кушта шуданд ва сипас бар асари инфиҷори худрав дар корвоне, ки барои тақвияти нерӯ эъзом шуда буд, се нафари дигар ҷон бохтанд.” Теъдоди маҷрӯҳон дар хабарҳои аввалия се нафар унвон шуда буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шумори кушташудагон 13 нафар эълом шудааст.
Доъиш рӯзи ҷумъа ҳам ҳамалоте бо оташбор дар атрофи Мосул анҷом дода буд. Хабаргузории Ассошейтн Пресс менависад Доъиш як фармондеҳи полиси маҳаллиро низ қабл аз ҳамла ба мавозеъи Ҳашд ба қатл расонда буд.
Давлати Ироқ дар декабри 2017 шикасти комили Доъиш ва ақибнишинии ин гурӯҳи террористӣ аз хок кишварро ҷашн гирифта буд, аммо ҳамалоти парокандаи “Давлати исломӣ” камобеш идома дошт. Ин бузургтарин ҳамлаи “Давлати исломӣ зарфи дуюним соли гузашта дар Ироқ аст.
Ҳашд-уш-шаъбӣ эълом карда, ки вазъиятро таҳти контрол дорад ва Доъиш ақиб ронда шудааст. Ҳамзмон эълом шуда, ки давлати Ироқ барои мувоҷиҳа бо ҳамалоти эҳтимолии баъдӣ, таҷҳизот ва нафарот ба пойгоҳҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ фиристодааст.
Ин гурӯҳи шиъа, ки ба Ҷумҳурии Исломӣ наздик аст, дар мубориза бо Доъиш ва бозпасгирии бахшҳои бузурге аз манотиқи ишғоли Ироқ ва Сурия аз “Давлат исломӣ”, нақши муҳимме ифо кардааст. Шибҳинизомиёни Ҳашд-уш-шаъбӣ , ки аз назари таслиҳотӣ, молӣ ва омӯзишӣ таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, аз созмони Басиҷ дар Ҷумҳурии Исломӣ улгу гирифтаанд ва бахше аз нерӯи низомии Ироқ маҳсуб мешаванд.
Мустафо Ал-Козимӣ, масъули ташкил давлати Ироқ дар баёнияе ин ҳамларо маҳкум кард ва таҳаррукоти Доъишро “талоши мазбуҳона барои истифода аз муноқишоти сиёсии дохилӣ” хонд. Ал-Козимӣ гуфт артиши Ироқ, таъқиби террористҳо то поёни кори онҳоро дар дастури коир худ дорад.
Шуморе аз таҳлилгарон пештар ҳушдор додаанд, ки шуйӯъи коруно метавонад фурсате барои ҷон гирифтани дубораи “Давлати исломӣ” бошад, зеро давлатҳо рӯйи муқобила бо вирус тамаркуз кардаанд ва мубориза бо Доъиш, дасти кам ба сурати минтақае тазъиф хоҳад шуд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

