Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚирғизистон назорат дар марзҳояш бо Тоҷикистонро пурзӯр кард

Қирғизистон назорат дар марзҳояш бо Тоҷикистонро пурзӯр кард

Дар робита ба афзоиши шумори шахсони сироятёфта аз коронавирус дар Тоҷикистон назорати сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон пурзӯр карда шуд.

 Дар ин бора хабаргузории 24.kg хабар медиҳад. То 7 май дар худи Қирғизистон расман 895 ҳолати сироят аз коронавирус сабт шудааст.

Акрам Мадумаров, муовини сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Жогорку Кенеш гуфтааст,   “Аз ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадӣ боздид кардам, шумори сарҳадбононро зиёд кардем, нисбат ба замони осоишта имрӯз ҳарбиён дар сарҳад зиёдтаранд. Мо назоратро пурзӯр мекунем, Тоҷикистон ҳам аз ҷониби худ тақвият медиҳад. Агар лозим ояд, боз тадбирҳои иловагӣ меандешем”.

Тавре хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад, дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамаи шахсони аз Тоҷикистон баргаштаро ба карантин мефиристанд.

Ба хабаргузорӣ дар дастгоҳи ҳукумати вилоят гуфтаанд, “аз Тоҷикистон 27 нафар донишҷӯён баргаштанд. Ҳамаи онҳо дар карантин қарор доранд”. 

То 7 май дар Қирғизистон расман 895 ҳолати сироят аз коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор 637 нафар шифо ёфта, 12 нафар фавтидаанд. Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, то 6 май шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 379 нафар расида, 8 нафар вафот кардаанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular