Давоми ду рӯзи охир дар зерстансияҳои маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, наздики 390 муроҷиати сокинон сабт шудааст. Масъулин мегуянд, ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.
Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сардухтури маркази ёрии таъҷилии тиббӣ “03” дар Хуҷанд дар сӯҳбаташ бо хабаргузории Спутник омори даъвати сокинон дар рӯзҳои 5 ва 6-уми майро шарҳ додааст.
Ӯ гуфта, давоми ду шабонарӯзи охир дақиқан 388 сокини ду соҳили руди Сир дар Хуҷанд адами саломатии худ ба зерстансияҳои ёрии фаврии тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Мирзоҳошимов зикр кардааст “Дар рӯзи 5-уми май дар умум 200 даъвати сокинон аз ҷумла 118 ҳолат аз тарафи сокинони соҳили рост ва 82 муроҷиати сокинони соҳили чапи Сирдарё сабт шудааст. Рӯзи 6-уми май бошад 188 даъвати сокинони ду тарафи соҳил ба қайд гирифта шудааст. Дар умум аз ҳисоби муроҷиати ду рӯзи охир 150 нафар бо сабаби доштани тасфи баланд ва нишондодҳои дигари маризии илтиҳоби шуш (пневмония) ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуда, дигарон, ки маризиашон сабук аст, зери муоинаи духтурони оилавӣ дар хона муолиҷа таъин карда шуд”,.
Сардухтури маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд, афзоиши шумори муроҷиати сокинон ба хусус ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шушро аз фарорасии авҷи мавсими ин маризӣ шарҳ дод.
Ӯ афзуд, бо гарм шудани ҳарорат эҳтимол дорад, дар рӯзҳои баъдӣ ин рақамҳо ба маротиб поён хоҳад рафт. Мирзоҳишимов мегуяд, эҳтимол дорад аксари онҳое, ки бо нишонаҳои тасфи баланд ба бемористон интиқол дода шуданд, маризиашон сабук буда, эҳтимол дорад баъди се чор рӯзи табобат барои баргашт ба хонаҳояшон рухсат дода шавад.
Сардухтури ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ба ҳисоби илтиҳоби шуш, баландшавии фишор, шамолхурдагӣ, баланшавии меъёри диабети қанд аз зумраи бемориҳое будаанд, ки сокинон бо чунин гирифториҳо, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло дар 15 бригада 83 духтурону мутахассисони соҳа ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи шаҳр кӯмаки аввалияти тиббӣ мерасонанд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

