Алексей Улюкаев, вазири рушди иқтисоди Русия 14 уми ноябри соли равон аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) боздошт гардид.
Хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд, ки мавсуф ба гирифтани 2 миллион доллар ришва муттаҳам мегардад. Гуфта мешавад, ки амалиёти алайҳи ин мақомдори ришваситон ду моҳ пеш оғоз гардида, “ФСБ” телефонҳои ӯро мешунид ва нишасту хесташро назорат мекард.
Улюкаев ин миқдор пораро аз ширкати “Ростнефт” гирифтааст ва бар ивази он ваъда кардааст, ки баҳои мусбат хоҳад дод, то 50 дарсади пакети саҳмияҳои ширкати “Башнефт” ро ба даст оварад.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки алайҳи вазири рушди иқтисод парвандани ҷиноятӣ боз гардидааст ва вай тибқи моддаи 290, қисми 6 уми Коддекси ҷиноӣ “Барои гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон” муттаҳам мегардад, ки гуфта мешавад, ин модда ба ҷинояткорон аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин аввалин боздошти мансабдоре дар чунин сатҳ дар Русия бо ҷурми даст доштан дар фасод аст. Дар Тоҷикистон баландтарин мақоми ҳукуматии бо ин ҷурм боздоштшуда, ҷонишини раиси ноҳия аст.