Ба гуфтаи чанд мақоми амрикоӣ ин кишвар дар ҳоли хурӯҷи сомонаҳои зиддмушакии Патриот аз Арабистони саудӣ аст. Амрико мехоҳад даҳҳо пиринили низомии худро низ, ки пас аз ҳамла ба таъсисоти нафтӣ дар Арабистон мустақар шуда буданд аз ин кишвар хориҷ кунад.
Дар гузориши рӯзномаи Wall Street Journal рӯзи панҷшанбе, 7 май дар ин бора омадааст, ки ин тасмими давлати Амрико метавонад ба масобаи поёни тақвияти низомии Арабистон дар муқобили Эрон талаққӣ шавад.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки Амрико дар ҳоли баррасии коҳиши “соири қобилиятҳои низомӣ”-и худ дар Арабистони саудӣ аст.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ чаҳор сомонаи Патриот ва даҳҳо нафар аз кадри низомии амрикоӣ, ки пас аз ҳамла ба таъсисоти нафти Арабистони саудӣ дар ин кишвар мустақар шуда буданд низ машмули ин тасмими Амрико хоҳанд шуд.
Дар гузориши Wall Street Journal ҳамчунин омадааст амрикоиҳо мехоҳанд нерӯи дарёии ин кишварро дар Халиҷи Форс коҳиш диҳанд. Ин мақомот гуфтаанд, ки ду искодрони ҷангандаи амрикоӣ низ минтақаро тарк кардаанд.
Бар асоси гузориши нашрияи ёдшуда тасмими Петагон барои хориҷ кардани сомонаи зиддимушакии Патриот аз Арабистони саудӣ ба далели “арзёбии бархе мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар ин аст, ки Теҳронро дигар таҳдиди фаврӣ барои манофеъи стратегии Амрико ба шумор намеоваранд”.
Мақомоти Саудӣ аз изҳори назари сареъ дар бораи ин хабар худдорӣ кардаанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё хабари коҳиши нерӯҳои амрикоӣ бо ин арзёбӣ иртиботе дорад ё на.
Wall Street Journal навиштааст, ки давлати Амрико дар тайи як соли гузашта ба далели он чи муқобила бо иқдомоти бесуботкунандаи Эрон мехонд, ҳузури низомии худ дар минтақаро тақвият карда буд.
Ҳамзамон барномарезони Петагон мӯътақиданд, ки “манобеъи низомии маҳдуди Иёлоти муттаҳида — аз ҷумла киштиҳои ҷангӣ ва сомонаҳои мушакии Патриот — бояд ба соири аввалиятҳо аз ҷумла талош барои муқобила бо густариши нуфузи низомии Чин дар Осиё ихтисос ёбад”.
Мақомоти амрикоӣ изофа кардаанд, ки бархе аз сиёсатмадорони ин кишвар нигарони ин мавзӯъ ҳастанд, ки коҳиши ҳузури низомии Амрико дар Ховари миёна чолишҳои ҷадидеро аз сӯи Эрон эҷод кунад, ба вежа, ки корзори фишори иқтисодии давлати Трамп алайҳи Теҳрон ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст.
Амрико сиёсати фишори иқтисодии ҳаддиаксарӣ бар Эронро ҳамчунон думбол мекунад ва таъкид кардааст, ки ба иқдоми низомӣ танҳо ба унвони охирин иқдоми боздоранда менигарад.
Таъсисоти нафтии ширкати Aramko-и саудӣ дар шарқи Арабистон дар нимаи сентябри 2019, бо чандини ҳавопаймои бидуни сарнишин мавриди ҳамла қарор гирифт. Гурӯҳи шиъаи Хусии Яман масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Аммо “эътлофи арабӣ” ба раҳбарии Арабистони саудӣ, ки дар ҳоли ҷанг дар Яман аст Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон хонд. Эрон ширкат дар ҳамла ба таъсисоти нафтии саудиро инкор кардааст.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

