Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон ба муҳоҷиронаш дар Русия кӯмак мекунад

Ӯзбекистон ба муҳоҷиронаш дар Русия кӯмак мекунад

Ба муҳоҷирони узбекистоние, ки дар Русия қарор доранд, сар аз 14-уми май кӯмаки молӣ расонида мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, кӯмаки якдафъаинаи молӣ тавассути сафорат ва консулгарии Узбекистон дар шаҳри Маскав расонида мешавад.

Ин кӯмакҳо на аз буҷаи давлат, балки аз суратҳисоби хайрияи сафорат пардохт мешаванд. Шаҳрвандони зерини Узбекистон ҳаққи дарёфти кӯмак доранд:

— Афроди маъюб;

— Заноне, ки кӯдакони то ду сола дар тарбият доранд ва ё ҳомила ҳастанд;

— Касоне, ки мубталои COVID-19 шудаанд;

— Донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Барои дарёфти кӯмак бояд тавассути сомонаи «Меҳр» дархост фиристод. Сомонаи мазкур аз сӯи сафорати Узбекистон дар Русия таъсис шудааст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular