Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки кишвараш ва Исроил хостори хурӯҷи Эрон аз Сурия ҳастанд.
Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар гуфтугӯ бо канали телевизионии “СON”-и Исроил изҳор дошт: Амрико ва Исроил хостори хурӯҷи Эрон аз Сурия ҳастанд.
Вай афзуд: Мо умедворем, ки режими Эрон тасмими оқилона гирифта, аз Сурия хориҷ шавад ва терроризмро, ки боиси оворагии 6 миллион нафар ва кушта шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар шудааст, мутаваққиф кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди Каронаи Бохтарӣ низ бори дигар таъкид кард: Исроил ба танҳоӣ дар бораи аъмоли ҳокимияти худ бар бахшҳое аз Каронаи Бохтарии рӯди Урдун тасмим хоҳад гирифт.
Пампео рӯзи гузашта тайи сафари чандсоата вориди Исроил шуда ва бо Бинёмин Нетаняҳу нахуствазир ва бархе мақомоти дигари ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

