Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАрабистони саудӣ аз Амрико мушакҳои пешрафта дарёфт мекунад

Арабистони саудӣ аз Амрико мушакҳои пешрафта дарёфт мекунад

Нерӯи дарёии Иёлати муттаҳида ба ширкати Боинг (Boeing) иҷоза додааст, ки ба манзури навсозии системи дифоъи мушакии Арабистони саудӣ, ба ин кишвар мушакҳои ҳаво ба замини  SLAM-ER таҳвил диҳад. Баҳои ин супориш наздик ба ду миллиард доллар аст. 

Вазорати дифоъи иёлати муттаҳидаи Амрико (Петагон) рӯзи чаҳоршанбе 13 май бо интишори иттилоияе эълом кард, ки ба консерни Боинг (Boeing) иҷоза дода шудааст ба тавлиди як системи таҳоҷуми заминӣ бо тарроҳии тоза бипардозад ва ин системро ба ҳамроҳи 650 фурванд мушаки пешрафтаи мавсум ба SLAM-ER барои тақвияти Арабистони саудӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор диҳад. 

Системи таҳоҷум мушакии муҷаҳҳазе, ки барои артиши Арабистони саудӣ дар назар гирифта шуда, дастгоҳе бо имкони ҳидояти компютерии дақиқ аст. 

Тибқи ҳамин қарордод Боинг шуморе мушаки зидди киштии Harpoon барои артиши Арабистон тавлид мекунад. Мушаки зидди киштии Harpoon тавоноии худро дар болои уфуқ ва дар ҳар ҳавое нишон додааст. Арзиши ин қарордод як миллиарду 972 миллион доллар аст. 

Боинг дар қарордодҳои дигар ба баҳои 656 миллион доллар муҷаввизи тавлиди мушаки зидди киштии Harpoon-ро барои таҳвил ба Ҷопон, Ҳинд, Кореяи ҷанубӣ, Қатар, Бразилия ва Нидерланд низ дарёфт кардааст. 

Муқаррар шудааст, ки тавлид ва таҳвили мушакҳо ва таҷҳизоти марбут ба онҳо то поёни соли   2026 анҷом гирад. 

Муҷодила дар бораи фурӯши аслиҳа ба Арабистон 

Соли гузашта намояндагони Кунгираи Амрико тарҳеро тасвиб карда буданд, ки ҳадафи он манъи фурӯши аслиҳа ва таҷҳизоти размӣ ба Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ буд. 

Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико, тарҳи намояндагони кунгира барои мамнуъияти фурӯши таслиҳот ба Арабистон ва Аморотро вето кард. 

Арабистони саудӣ раҳбарии эътилоферо бар ӯҳда дорад, ки дар Яман даргири ҷанг бо шӯришиёни ҳусӣ аст. Намояндагони Кунгира нигарон буданд, ки бо расидани ин ҷангафрӯзҳо ба дасти Арабистон ва Аморот оташи ҷанги дохилии Яман беш аз пеш шӯълавар шавад. 

Мудохилаи низомӣ ва пурталафоти Арабистон дар ҷанги хунини Яман борҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум шудааст. 

Трамп дар тавҷеҳи ветои мамнуъияти фурӯши ҷангафрӯз ба Арабистон ва Аморот гуфт, ки ин иқдом боиси тазъиф қудрат рақобати таслиҳотии Амрико дар ҷаҳон мешавад ва низ ба равобити ин кишвар бо муттаҳидонаш осеб мезанад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular