Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМуроҷиъати Паём.нет дар ҳошияи масдуд шудани сомонаи Тоҷнюз

Муроҷиъати Паём.нет дар ҳошияи масдуд шудани сомонаи Тоҷнюз

Аз фаъолият мондани сомонаи Тоҷнюзро, ки албатта зери фишору таъқиб сурат гирифтааст, мо фоҷеъаи навбатии озодии сухан ва ҳуқуқи инсон дар кишвар арзёбӣ мекунем.
Ин аввалин ва охирин сомонае нест, ки баста мешавад ва чуноне, ки худи масъулини он қайд карданд, “навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда ҳам хоҳад расид”, ки озодии сухан дар кишварро хоҳад гӯронд. Мо мунтазир будем, ки созмонҳои журналистӣ ё ҳомиёни ҳуқуқ ба дифоъ аз озодии сухан ва ҳақи дарёфти иттилооти алтернативӣ садо баланд хоҳанд кард, вале чун аз касе садо барнаомад, қарор додем ин корро худамон анҷом диҳем.
Ҳамватанони азиз!
Паёмади масдуд шудани озодии баён ҷузъ ғуломӣ чизи дигаре нест. Ҳукуматҳои худкомаву диктотурӣ барои пурра ғулом кардани мардум, то метавонанд расидани иттилооти алтернативӣ ба мардумро масдуд мекунанд, то мардум ҳамон ҳарферо ҳақиқат пиндорад, ки онҳо мегӯянд. Таъсиси маркази ягонаи коммуникатсионӣ ҳам ба ҳамин ҳадаф аст, ки расидани иттилооти алтернативӣ аз берунро ҷилавгирӣ кунанд. Камтарин коре, ки мардум метавонад алайҳи масдудшавии озодии баён анҷом диҳад, даст кашидан аз истифодаи иттилооти ҳукуматӣ аст. Нахаридану нахондани нашрияҳои ҳукуматӣ ва нимаҳукуматӣ, ки дар расонидани иттилооти дурӯғу бофтаи ҳукумат ба мардум саҳиманд, даст кашидан аз тамошову гӯш кардани телевизиону радиёи расмӣ, надаромадан ба сомонаҳои расмӣ ва ғайра, эътирозест, ки ҳар нафар мустақилона метавонад анҷом диҳад. Аммо набудани эътироз ба мақомдорон ҷуръати бештар хоҳад дод.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Кӯшишу муборизаву қурбониҳои шумо азизон боис шуда буд иттилооти алтернативӣ ва ҳақиқат ба мардум бирасаду озодии баён дар Тоҷикистон қисман таъмин бошад. Рафтани шумо аз саҳна вазъи озодии баён ва тамоми озодиҳои дигарро ваҳимтар хоҳад кард. Бино бар ин мо тамоми рӯзноманигорони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват менамоем. Албатта назари мо ин аст, бояд даҳҳо сомонаи дигар мисли Паём.нет ва беҳтар аз он таъсиси ёбанд, вале то замони таъсисёбии сомонаву нашрияҳои дигар, мо тайёрем ҳар рӯзноманигоре, ки хоҳиши ҳамкорӣ дорад, бо кор таъмин намоем. Вазъи молии мо алъон иҷоза намедиҳад маъоши хуб пардохт кунем, вале бо изни Худованд ва кӯмаки дӯстону ҳамкорон ҳатман ба ҷое хоҳем расид, ки маъоши мо аз дигарон камтар набошад. Онҳое, ки дар ватан қарор доранду аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд, метавонанд бо имзои мустаъор нависанд ва номи аслиашонро ҳатто ба мо ошкор накунанд. Дар хориҷ будаҳо ҳам агар намехоҳанд номашон ифшо шавад, метавонанд бо ҳамин роҳ нависанду ҳамкорӣ кунанд. Онҳоеро ҳам, ки ҳунари роҳандозии барномаҳои телевизиониву родиёӣ доранд, ба ҳамкорӣ даъват мекунем, чун телевизиону родиёи мо дар останаи оғози фаъолият қарор дорад. Тамоми пешниҳоду дархости шумо чӣ дар мӯҳтавои сомонаву телевизиону родиё ва чӣ дар сиёсати барномаҳои он ба назар гирифта хоҳад шуд.
Ба умеди расидан ба озодиҳо дар кишвар,
Паём нет.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика