Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия бо се парвоз шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бурданист

Русия бо се парвоз шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бурданист

Русия қасд дорад бо се парвоз омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаро ба ватан баргардонад.

Омӯзгорон бо ҳавопаймои ширкати русиягӣ рӯзи 25 май бура мешаванд. Тоҷикистон барои ба ватан овардани шаҳрвандони тоҷик бо ин ҳавопаймоҳо дар ҳоли гуфтушунид бо мақомоти рус аст, иттилоъ медиҳад хабаргузории  “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат. 

“Айни замон байни Тоҷикистон ва Русия гуфтушунид ҷараён дорад.  Тоҷикистон созиш ҳосил карданист, то ки бо ин ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, шаҳрвандони тоҷики хоҳишманди ба ватан баргаштан  ба чумҳурӣ оварда шаванд”, — гуфтааст манбаъ

Ба гуфтаи ӯ, агар Русия розӣ шавад, рӯзи 25 май бо ҳавопаймои барои ба ватанашон бурдани омӯзгорони русиягӣ пешбинишуда, шаҳрвандони Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, барои баргардонидани шаҳрвандони худ Русия се парвоз анҷом доданист. Рӯзи 25 май анҷоми парвоз бо хатсайри Душанбе — Маскав, 26 май: Душанбе — Красноярск ва Душанбе — Екатеринбург ба нақша гирифта шудааст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular