Кумитаи амниятии Кнессети Исроил ба лоиҳаи қонуни ҷилавгирӣ аз пахши азон аз масоҷиди Қудс, ки тавассути Моти Югио, узви Ҳизби ростгарои “Хонаи яҳудӣ” ва шумори дигар аз намояндагони ростгаро ироа шуда буд, мувофиқа намуд ва қарор аст, ин қонун барои тасвиби ниҳоӣ ба Кнессет ироа шавад.
Раиси Ҷунбиши арабии Тағйир ва намояндаи араби Кнессет (парлумон)-и Исроил, Аҳмад Алтайибӣ дар вокуниш ба лоиҳаи қонуни зидди азон, дар дохили Кнессет азон гуфт.
У таъкид намуд, ки: “Азон бахше аз Фаластин ва бахше аз шиорҳои динии мост, аммо Нетаняҳу ва кабинаи ростгарояш ба баҳонаи инки садои баланди азон ононро озор медиҳад, онро ҳадаф қарор додаанд. Нетаняҳу бар ин бовар аст, ки ҳар коре бихоҳад, мекунад, аммо азон гуфтани ман дар Кнессет ба намояндагӣ аз ҳамаи фаластиниён ва дар мухолифат бо чунин тасмиме аст, то таъкид кунам, азон, масоҷид, Масҷидулақсо ва калисоҳо қабл аз Бенямин Нетаняҳу вуҷуд доштааст ва пас аз ӯ низ вуҷуд хоҳад дошт.”