Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЗодаи ноҳияи Ҳисор бо 141 кило ҳероин дар Озарбойҷон ба даст афтод

Зодаи ноҳияи Ҳисор бо 141 кило ҳероин дар Озарбойҷон ба даст афтод

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки ин қочоқбари маводи мухаддир Муҳаммадҷон Исмоилови 31 сола буда, зодаи шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор мебошад. Гуфта мешавад, ки вай бо 141 кило маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти гумруки Озарбойҷон мавриди боздошт қарор гирифтааст.
Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон иттилоъ дода буд, ки дар марзи Ҷумҳурии Исломии Эрону ин кишвар шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намудаанд, ки дар махфигоҳи мошини худ 141 килову 156 грамм ҳероинро пинҳон карда, мехост ба кишвари дигаре интиқол диҳад.
Гуфта мешавад, Муҳаммадҷон Исмоилов ронандаи мошини “DAF” рақами қайди давлатиаш GP6925/N6775 будааст, ки ба яке аз ширкатҳои интиқоли колои Эрон мутааллиқ аст ва дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ ин шаҳрванди Тоқикистон гуфтааст, ки ҳероинро ба Гурҷистон бурдан мехост. Таъкид мешавад, ки Исмоилов маводи мухаддирро дар кишвари Эрон дастрас карда, қасди ба кишвари дигаре интиқол додан дошт, аммо боздошт гардид.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика