Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБештар аз ҳама дар Тоҷикистон пора медодаанд

Бештар аз ҳама дар Тоҷикистон пора медодаанд

Тибқи як назарсанҷие, ки созмони Transparency International нашр кардааст, дар Тоҷикистон бештар аз ҳар кишваре пора медодаанд. Беш аз 50 дарсади пурсидашудагон иқрор кардаанд, ки дар ҳамин наздикӣ пора дода буданд.
Ин назарсанҷӣ, ки “Нишондиҳандаи фасоди ҷаҳонӣ” номида мешавад, ҳарсола аз тарафи ин созмон нашр мешавад. Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ камтар аз ҳама дар Эстонияву Гурҷистон пора додаанд, ки мутаносибан танҳо 5 ва 7 дарсади пурсидашудагон посухи мусбат додаанд. Дар Ӯзбакистон 18, Қирғизистон 38 ва Русия 34 дарсад иқрор кардаанд, ки чанде қабл пора дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, танҳо 18 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки фасод умдатарин мушкили ҷомеъа аст. Аммо дар Эстонияе, ки ҳамагӣ 5 дарсад пора додаанд 25 дарсад ба ин назаранд, ки фасод умдатарин мушкили кишварашон аст. Дар Русия 39, дар Қирғизистон 47 ва дар Ӯзбакистон 23 дарсад ба ҳамин назаранд.
Раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳам чанде пеш иқрор карда буд, ки зимни як назарсанҷӣ маълум шудааст, бештар фасод дар мақомоти мубориза алайҳи фасод, аз ҷумла додситонӣ, додгоҳ ва милиса дида мешавад. Дар он назарсанҷӣ беш аз 60 дарсади пурсидашудагон мавҷудияти фасод дар кишварро тасдиқ карда буданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?