Дар Қирғизистон ширкати , ки асосан ба тарроҳӣ ва истеҳсоли сару либосҳои варзишӣ машғул аст, ахиран либосҳои варзишии исломиро тарроҳӣ ва истеҳсол намуда ба фуруш баровардааст.
Ин либосҳои варзишӣ зоҳиран аз либосҳои варзишии маъмулӣ танҳо бо дарозу васеътар буданашон фарқ мекунанд. Аммо илова бар ин дар тарроҳӣ ва истеҳсоли ин либосҳо шароити таҳорат кардан низ ба инобат гирифта шудааст.
Ба гуфтаи истеҳсолкунандагон, пироҳанҳои варзишии исломӣ аз матоъҳои пахта ва синтетикии баландсифат омода мешаванд. Ин ширкат умед кардааст, ки маҳсули эҷоди онҳо берун аз Қирғизистон ҳам маъруф мешавад.