Дар корхонаи “Азот”, воқеъ дар шаҳри Сарбанд, ки қаблан “ТоҷикАзот” ном дошту ба Дмитрий Фирташ, миллионери укроинӣ таъаллуқ дошт, сармоягузорони чинӣ ба корҳои азнавсозӣ оғоз карданд.
Дар маросими оғози азнавсозӣ, ки қарор аст барои марҳалаи аввали он 350 миллион сомонӣ масраф гардад, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур ёфт. Ҳамчунин ба сохтмони як сехи бузурги дигар барои истеҳсоли карбомиту аммиак оғоз бахшида шуд.
Қарор аст ин корхона баъди азнавсозӣ бо иқтидори пуррааш ба кор оғоз намуда, на танҳо Тоҷикистонро бо нуриҳои минералӣ таъмин кунад, балки маҳсулоташро ба хориҷ низ содирот намояд. Иқтидори қаблии истеҳсолии “ТоҷикАзот” 110 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид дар сол буд, ки то 2000 нафар дар он ба кор машғул буданд.
Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона аз фаъолият монд ва соли 2001 онро ширкати Group DF, мутааллиқ ба Дмитрий Фирташ ва шарики тиҷории ӯ дар Тоҷикистон Зюйд Саидов харидорӣ намуда ба кор дароварданд. 75 дарсади саҳмияи “Тоҷик Азот” ба Group DF, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба писарбузурги Зайд Саидов — Хайрулло таъаллуқ дошт. Аммо баъди боздошти Зайд Саидов ва мусодираи амволи ӯ, ҳукумат созишномаи фурӯши “Тоҷик Азот”-ро ҳам ғайриқонунӣ эълон кард ва мусодирра намуд. Фирташ он замон гуфта буд, ки тавассути додгоҳи байналмиллал ба баргардондани ҳақаш кӯшиш хоҳад кард, аммо бо оғози ҷанг дар Укроин ин садоҳо хомӯш шуданд ва ҳукумат ин корхонаи азимро ба ихтиёри чиниҳо гузошт.
Қарор аст сармоягузорони чинӣ дар таҷдиди “Азот” 360 миллион доллар масраф намоянд.