Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоИқдоми нави мақомот: Суруди миллии Тоҷикистон ба ҷои азон

Иқдоми нави мақомот: Суруди миллии Тоҷикистон ба ҷои азон

Дар деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷомӣ масъулин супориш додаанд ба ҷои азон суруди миллии Тоҷикистон гузошта шавад.

Тибқи иттилои як хонандаи Паём.нет дар ин деҳа панҷ масҷид вуҷуд доштааст. Чанд рӯз қабл масъулини ноҳиявӣ ба деҳа омада, ба дари чаҳор масҷид қулф задаанд ва ба мардум амр кардаанд, ки пул ҷамъ кунанд. Вақте мардум сабаб мепурсанд, посух медиҳанд, ки бо пули ҷамъшуда як таҷҳизоти мусиқӣ харида медиҳанд, то қабл аз намоз ба ҷои азон бо садои баланд суруди миллӣ гузошта шавад.

Яке аз ҷамъшудагон гуфтааст мардум аз куҷо пул дорад, қашшоқиро намебинед? Масъулин посух додаанд,

мехоҳед ҳамин, намехоҳед ба дари ин масҷидатон ҳам қулф зада мешавад.

Ин хонандаи мо мегӯяд, қаблан ҳам ҳар гоҳ ба масъулини ноҳиявӣ пул лозим шуд, меомаданду дари масоҷидро қулф мезаданд ва танҳо баъди ҷамъоварии маблағи муайян дари масҷидҳоро мекушоданд. Ҳамчунин ӯ иттило дод, ки дар масоҷид китобчаҳои суханронии Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудаанд.

Қаблан ҳам аз баста шудани масоҷид дар шаҳру деҳаҳои кишвар хонандагон ба мо иттило медоданд, аммо ин бори аввал аст, ки масъулин амр кардаанд ба ҷои азон суруди миллӣ  гузошта шавад.

Аз хонандагони дигари Паём.нет хоҳиш мешавад, агар чунин ҳодисаҳо дар шаҳру деҳаҳои шумо ҳам рух додааст, лутфан ба мо иттило диҳед.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика