Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоОҷил! Дар шаҳри Березники ФСБ 20 тоҷикро боздошт намудааст

Оҷил! Дар шаҳри Березники ФСБ 20 тоҷикро боздошт намудааст

Хадамоти федеролии бехатарии Русия (ФСБ) соати 5-и субҳи дирӯз, 18-ноябр 20 нафар тоҷикро аз хонаҳои истиқоматиашон дар шаҳри Березникии минтақаи Перм боздошт намуда, ба шаҳри Перм, маркази ин минтақа бурдааст.

Тибқи иттилои манбаъи мо ин 20 нафарро аз 7-8 хона боздошт кардаанд ва ҳангоми юриш кормандони ФСБ дари ду хонаро шикастаанд. Ҳангоми шикастани дари хона, вазъи яке аз тоҷикон, ки бемории қалб доштааст, бо шиддат ваҳим шуда, ӯро ба беморхона бурдаанд. Аммо баъди беҳтар шудани вазъаш ӯ ҳам ба шаҳри Перм интиқол дода шудааст.

Сабаби ин боздоштҳо ҳанӯз маълум нест, аммо тибқи як иттилои тасдиқнашуда, боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Як ҳафта қабл дар ин шаҳр 2 нафарро боздошт намуда будаанд, ки якеи онҳо аллакай дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Манбаи мо мегӯяд, чанд нафари дигар аз субҳи дирӯз бедарак шудаанд ва телефонҳои дастиашон хомӯш карда шудааст. То нашри ин хабар ҳеҷ иттилое аз онҳо дастрас нашуд. Аз хонандагоне, ки дар ин минтақа қарор доранд хоҳиш мешавад ҳар иттилое аз боздоштшудагон ё нопадидшудагон дар ихтиёр доранд, лутфан ба мо расонанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика