Сӯхтори шадид шаби ҷумъа бар шанбе, 18 уми ноябри соли равон дар фабрикаи мурғпарварии «Абсолбют Агро»-и вилояти Тюмен сар зада, ба ҷони шаш нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон зомин шуд.
Хабаргузориҳои русӣ иттилоъ медиҳанд, ки се нафари дигар ба далели заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд. Назар ба маълумоти мақомоти Русия, ки ба сафорати Тоҷикистон расидааст, шаҳрвандони тоҷикистонии дар сӯхтори фабрикаи мурғпарварӣ ҷонбохта аз 20 то 29 сол доштаанд. Гуфта мешавад, ки Ниёзов У. (соли таваллудаш 1987), Рӯзиев П, ( 1988), Шодиев Ф.(1989), Миров М. (1994), Нуров К.(1994), Назаров Ф. (1994) ва Шарифов А.(1996) аз ҷумлаи он нафароне ҳастанд, ки дар сӯхтори Тюмен ҳалок шудаанд.
Таъкид мегардад, ки онҳо дар ваконе буду бош мекардаанд, ки дар наздикии фабрикаи мурғпарварӣ гузошта шуда буд ва аз дуди ғализ заҳролуд шудаву ҷон бохтаанд. Хадамоти сӯхторнишонӣ итминон дорад, ки сӯхтор дар ин фабрика аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада ва ин фоҷиаро ба бор овардааст.
Мақомоти Руссия гуфтаанд, ки се муҳоҷири дигари тоҷик бо номи М. Раҳмонов, А. Олимов ва К. Қосимов ҳанӯз дар бемористонанд ва таҳти муоинаи пизишкон қарор доранд