Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДастурамали донишҷўйи тоҷик (Танз)

Дастурамали донишҷўйи тоҷик (Танз)

Нависанда ва мунаққиди тоҷик Абдуқодири Рустам танзе дар хусуси дастурамали донишҷӯи тоҷик навиштааст, ки ба вокуниши густардаи истифодабарандагони фейсбук дучор шудааст. Хонандагон на танҳо ин дастурамалро писандидаанд, балки иловаҳо ҳам пешниҳод кардаанд. Дастурамали навиштаи Абудқодири рустам чунин аст:
1) Донишҷў бояд шиму костюм ва галстук (писар) ва пироҳани атлас ё чакан ва пойафзори пошнааш на пасту на баланд (духтар) дошта бошад. Кулоҳ (анвоъи мухталиф) ва рўймол (анвоъи мухталиф, ба ҷуз рўймоле, ки гўшу пешонӣ ва манаҳро панаҳ мекунад) ихтиёрӣ аст, дошта бошаду надошта бошад, тафовут надорад.
2) Донишҷўй муваззаф аст, китобҳои навиштаи устодони худро бихарад….
3) Донишчҷўй бояст бо утубус, утубуси барқӣб ва минибус ба донишгоҳ ояд ва бо утубус, утубуси барқӣ ва минибус аз донишгоҳ ба хона ё хобгоҳ биравад. Пиёда омадану рафтан низ иҷозат дода мешавад.
4) Донишҷўй мутаъаҳҳид аст дар роҳпаймоиҳо ба муносибати рўзи истиқлол, дар маъракахои сиёсӣ, ба мисли рўзи парчам, рўзи Қонуни асосӣ, рўзи президент, рўзи дониш, идҳои соли нав ва Наврўз ва ҳар рўзу иду маросими дигаре, ки мақомоти марказӣ ва маҳалии идораи давлатӣ лозим медонанд, фаъолона ва руҳбаландона ширкат бикунад.
5) Донишҷуй бояд бо самими қалб ва бо садои баланду хурсандона «зинда бод…..», «мо бо шумоем…», «ура-а-а-а» фарёд кардан тавонад ва низ дар баробари фарёд ҳарду даст ва ё якеро баланд бардошта афшонад, ё парчами миллиро алвонҷ, бидиҳад.
6) Донишҷўй мутаъаҳҳид аст, дар ҳолати зарурат дар гирдиҳамоиҳои зидди мухолифин ва пуштибонон — ҳомиёни онҳо — Иттиходияи Урупо, ИМА, Эрон, Туркия ширкат намуда, бо истифода аз озодии баён сиёсати тахрибкоронаи онҳо ва хоҷагонашонро шадидан интиқод бикунад, ба онҳо лаънат бифиристад, аксашонро бисӯзонад …..
7) Донишҷўй бояд аз самими дил ва бо садои баланду бо нафрати амиқ «марг бар….», «нест бод…..», «лаънат бар….» фарёд карда тавонад ва дар ин ҳол мушташро гиреҳ, карда, болои сар бардошта таҳдидомез такон бидиҳад. Ва низ метавонад ба самте, ки ба таври рамзи ҷониби мухолифон ва пуштибони онҳо тасаввур мешавад бо нафрату шамотат туф бикунад. (Дар ин хол эҳтиёт бояд бошад, то туфаш ба рафиқи ҳамсангараш ва ё куратораш барнахўрад). Барои бештар ҷудо шудани туф хойидани сақич тавсия мешавад.
8) Донишҷўй бояд пайваста тамрин бикунад, то эҳсоси ботинашро дар зоҳираш ифода кардан тавонад; Дар гирдиҳамоиҳои пуштибонӣ чашмонаш аз ифтихор, хушбахтӣ, ваҳдат, оромию осоиш, серию пурӣ бидурахшанд, рўяш сурхи арғувонӣ ва лабонаш пуртабассум бошанд, аз чеҳрааш эҳсоси парвоз дар фарози осмони софи Ватан хонда шавад, дар гирдиҳамоиҳои мухолифат ба асари нафрат, бадбинӣ аз чашмонаш алов парад, нигаҳаш тезу буранда бошад, рӯяш сурху кабуд шавад, биниаш теғ гирад…. Дар ҳар ду ҳолат забон бояд чун теғи обдода бошад ва суханонаш чун оби шаршара беист ва бо шаст ҷорӣ бишаванд.
9) Донишҷўй бояд тамоми рўзҳои холӣ аз роҳпаймоиҳо, гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, давхои миллӣ ва шаҳрӣ, ширкат дар ифтитоҳи корхона, мағоза, дорухона ва хонаҳои истиқоматӣ бе баҳона ба дарсҳо ширкати фаъолона кунад.
10) Донишҷў метавонад дар вақтҳои холӣ — пас аз роҳпаймоиҳо,……… ва дарсҳо китоб ва ё лексияи муаллимонашро бихонад.
11) Донишҷӯй бояд то ҳадди имкон забонҳои русӣ, ингилисӣ ва чиниро биёмузад, то баъди хатми донишгоҳ дар сохтмонҳои Русия, ошхонаҳои Амрико ва мазореъу корхонахои чинии воқеъ дар Тоҷикистон 1) кор кунад, 2) зимни кор азоб камтар кашад, 3) фиреб нахӯрад ва ҳаққи меҳнаташро даъво карда гирифта тавонад.
12) Донишҷўй бояд ҳамарӯза эҳсос бикунад, ки ў ояндаи Ватан аст ва тамоми талошашро ба харҷ диҳад, то забони дарозу сурхашро паси дандонҳо маҳбас кунад ва ин ояндаи дурахшонро хароб накунад….
Донишманди дигари тоҷик Обид Шакурзода дар посух ба ин навиштаи Абдуқодири Рустам чанд иловаи дигар пешниҳод кардааст:
1. Шарт нест донишҷӯ дар дарсҳо ва баҳсҳои донишгоҳию устодон ҳозир бошад, кифоя аст, ки ҳаққи баҳои ҳар имтиҳонро сари вақт, бе каму кост пардохт кунад, диплом, ҳатто дипломи сурх худ ба пойи худ наздаш хоҳад омад;
2. Донишҷӯ бояд дар роҳи фатҳи улуми донишгоҳӣ набошад; бояд қуллаи наздикӣ ба устод ва мизон (ставка)-и поёнтари ришват ба устодро мусаххар кунад, то дар санҷишу имтиҳонот дар намонад;
3. Донишҷӯ набояд ба мутолаъаву пажӯҳишу таҳқиқи ин ё он уқдаи дониш сари хешро гиҷ кунад, фақат саъй кунад маҳалл ё ёрони наздики устод, ё ҳамшаҳриҳои устодро мушаххас созад, кифоя, дигар масири душвору муҳайяҷи имтиҳонот чун шоҳроҳи музайян тахту ҳамвор хоҳад буд;
4. Муҳимм нест, ки Донишҷӯ бо дипломи олию каллаи холӣ донишгоҳро фатҳ мекунад; муҳимм он ки бо сарфи вақти муҳлати донишҷӯйи аз хидмати сахти сарбозӣ раҳо мешавад;
Зинда бод кишоварз, рӯзирасони одамию мурғу моҳию мӯр! Зинда бод донишҷӯ, рӯзирасони беминнати устоди каммаъоши донишгоҳ!
Фаъоли ҷамъиятӣ, табиб Мирзоқул Ҳоҷиматов ҳам чанд нуқтаи дигар барои ин   “дастурамал” пешниҳод намудааст:
Донишҷӯй бояд бо забони миллӣ пурсупос кунад, аз саломалейкуми арабӣ иҷтиноб варзаду дуруд ё вожаи дигарро истифода барад.
2. Ҳадди ақал зоҳиран худро атеист нишон дихад…
3. Аз лаҳҷаи маҳалли зисташ даст бикашаду лаҳҷаи гуфтори устодон ва баъзе лаҳҷаҳои солҳои охир дар кишвар роиҷшударо хуб биомӯзад.
4. Гоҳ гоҳ ба волидон занг зада истад, хоса ҳангоми зарурати маблағ. Рақами телефон ва ҷои кори волидонашро аз устодон пинҳон надорад.
5. Эҷодкор бошад, аз шпаргалкаҳои коғазии бобоӣ даст кашида, васоили замонавии иттилоотиро васеъ истифода намояд.
6.Моҳе камаш як шеър дар васфи адолату каромати устодон ва роҳбарон азёд кунад.
7. Бегоҳиҳо ва саҳаргоҳон назди оина истода, нутқ кардану шеър хонданро машқ кунад.
8.Ҳади ақал номи фанҳо ва ному насаби устодонро азёд кунад.
9. Кишварҳо ва созмонҳои дӯст ва душмани Тоҷикистонро шиносад ва дар тӯю маъракаҳо перомуни кӯмак ё шарри онхо таблиғот барад.
10. Зиёд ғизо истеъмол накунад, бо вазни аз меъёр зиёд ва шиками калон ба дарсҳо омадан манъ аст.
Бандҳои алоҳидаи дастуруламалро перомуни ҳаёти оилавии донишҷӯй, ширкат дар корхои саҳроӣ, иштирок дар маъракахои интихоботӣ, тариқи гузаронидани таътилҳо ва ғайрароро бояд мутахассисони касбй омода намоянд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика