Тоҷикистон аз ибтидои имсол ба Афғонистон ва Қирғизистон як миллиарду 350 миллион киловатт соат барқ содир кардааст.
Содироти барқ аз Тоҷикистон барои ин ду кишвар наздик ба 50 миллион доллар фоида овардааст.
Тоҷикистон дар ин муддат ба Афғонистон як миллиарду 260 миллион киловатт соат барқ ва ба Қирғизистон 93 миллион киловатт соат барқ содир кардааст ва то ба имрӯз ҳеҷ хабаре дар бораи қатъи содирот ва фуруши барқ ба кишварҳои ҳамсоя нарасидааст. Яъне маълум нест лимит ба ҳамсояҳо ҳам ҷорӣ шуд, ё хайр.
Имсол дар Тоҷикистон аз нимаи моҳи октябр лимити барқ шурӯъ шуд. Аммо мақомот танҳо авоили моҳи ноябр шурӯъи лимитро эътироф карданд.
Моҳи октябри соли равон бошад, аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон дар ҳаҷми ҳудуди 46 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки бар асоси гузориши Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, мардуми деҳоти танҳо 7 то 8 соат дар шабонарӯз барқ доранд. Ҳамчунин аз аввали моҳи ноябр бар асоси тасмими давлати Тоҷикистон қиммати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои хонаҳои истиқоматӣ , ки то кунун 12,6 дирам будааст, бар асоси тарифҳои нав ба 16,6 дирам афзоиш ёфт.
Корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ба истиснои ширкати “Талко” барои масрафи ҳар киловатт соат барқ 35,6 дирам пардохт хоҳанд кард.