Як корбари шабакаи фейсбук бо исми Зафар Шарифзода навиштааст дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) дари ошхонаҳоро қулф задаанд ва намегузоранд донишҷӯён дар онҷо хӯрок пазанд. Сабаби ин иқдом дастурамали раҳбари ин лонишгоҳ Шоҳиён Н.Н. будааст, ки “донишҷӯён бетамиз ҳастанд”.
Масъулин ба донишҷӯён амр кардаанд, ки дар ошхонаҳои дигар рафта хӯрок хӯранд. Зафар Шарифзода навиштааст чӣ гуна донишҷӯе, ки аз бепулӣ дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, метавонад ҳар рӯз се маротиба аз ошхона хӯрок харад?
Шакли пурраи навиштаи Зафар Шарифзода ба шакли зер аст:
Салом дӯстон!
Ростӣ, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то ба имрӯз хомӯш истодам, дигар сабрам ба анҷом расиду дод гӯён мегӯям!!! Эй масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, эй мӯҳтарам ректору кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара! Магар боре намеандешед, ки бошандагони ДДД дар чи вазъ карор доранд? Ё медонеду нодида мегиред?
Дӯстони азиз! Тасаввур кунед, ки даврони донишҷӯӣ чӣ қадар зебою гуворост ва барои расидан ба ин мурод ҳар як наврасу ҷавон талошҳое мекунад, то сазовори номи донишҷӯӣ гардад. Аммо имрӯзҳо қалби аксарият пас аз шунидану дидани чунин манзараҳои нанговар дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои кишвар яхпора мегардаду бешак муҳоҷиратро интихоб мекунанд.
Мисоли ин гуфтаҳо хобгоҳи 8-ошёнаи Донишгоҳи давлатии Данғара шуда метавонад, зеро аз оғози сол то ба ин зимистони қаҳратун масъулини Донишгоҳ намегузоранд ошхонаҳои ошёнаҳо кушода бошанду донишқӯён хӯрок пухта хӯранд. Масъулин мегуянд, донишҷӯён бетамиз ҳастанд, хубтараш рафта аз ошхонаҳои беруна хӯрок харанду хӯранд ва ба ин минвол як дастурамале низ ба тавсия расондааст мӯҳтарам ректораш Шоҳиён Н.Н.
Дӯстони азиз, тасаввур кунед, ки як наврасе аз оилаи камбизоат аз як минтақаи дурдасти кишвар бо хуни дил дониш омӯхтааст ва тариқи Маркази миллии тестӣ унвони донишҷӯйро касб кардааст. Алъон дар хобгоҳи мазкур умр ба сар мебарад ва аз ҷабри масъулину сатҳи пасти зиндагӣ наметавонад ҳар рӯзе ҳадди ақал як коса шӯрбо харида хӯрад, зеро дар ин ноҳия арзиши хӯрок хеле гарон аст. Пас дигар аз куҷо ӯ дар озмунҳою олимпиадаҳо иштирок карда метавонад бо шиками гушна?
Масъалаи дигаре ки донишҷӯёни хобгоҳи мазкурро ба ташвиш овардааст ин аст, ки то ба хол печҳои гармидиҳиро дар хобгоҳ фаъол нагардонидаанд, аксари донишҷӯёни ин боргоҳ дар таги курпаҳо интизори гармӣ ҳастанд.
Охирин дафъае, ки мо аз холи онҳо дидан намудем аҳволашон чунин буд! Танҳо картошкаро пинҳонӣ аз кормандони хобгоҳ дар об меҷӯшонанду бо чой мехӯранд. Ростӣ, дӯстони азиз дар ду хобгоҳи бузурге, ки ба тозагӣ кушода шудааст, теъдоди ками донишҷӯён умр ба сар мебаранд ва ҳамонҳо низ аз ноилоҷӣ. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки дар тӯли як ҳафта 2-3 маротиба пулҷамкунӣ барои билети консерту футболу ким кадом чизи дигар сурат мегирад…