“Исроил” месӯзад
Рӯзи саввум аст, ки дар қаламрави забтшудаи Фаластин — “Исроил” сӯхтор идома дорад. Ҳаҷми сӯхтор ба ҳаде будааст, ки сарвазири режим Бенямин Нетаняҳу барои хомӯшкунии сӯхтор аз сарвазирони Русия Дмитрий Медведев, Юнон Алексис Тсипрас ва Хорватия Андрей пленкович хостааст ҳавопаймоҳои махсуси сӯхторхомӯшкун бифристанд.
Сӯхторҳои шадид дар 13 минтақаи “Исроил”, аз ҷумла Байтулмуқаддас ба қайд гирифта шудааст. Шамол ба паҳншавии сӯхтор мусоидат мекунад.
Қарор аст аз кишварҳои зикршуда ва Италия ҳадди ақал 10 ҳавопаймои сӯхторхомӯшкун ба “Исроил” раванд. русия як ҳавопаймо-амфибияи “Бе-200” фиристодааст, ки қодир аст 12 тон об барад.
Худи “Исроил” дорои ҳавопаймоҳои сӯхторхомӯшкунӣ аст, аммо бинобар бузургии ҳаҷми сӯхтор, натавонистаанд онро барканор кунанд.
Хабаргузории “Israel Info” гузориш медиҳад, ки дар устони Латрун сӯхтор ба шаҳраки Неве Шалом расидааст. Дар шаҳраки Зихрон Яакове хонаҳои мардум оташ гирифтаанд ва сокинон тарки шаҳрак кардаанд. Шамол субҳи имрӯз сӯхторро ба ин шаҳрак баргардонд ва он алъон дар коми оташ аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоии арабӣ корбарон сӯхторро ба манъкунии азон дар Фаластин нисбат додаанд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 5-ноябр низомиёни режими ишғолгар ба шаҳраки Абу-Дис юриш бурда, аз садои азон дар се масҷиди он ҷилавгирӣ ва роҳи яке аз масҷидҳоро бастанд. Ба эътирози сокинон низомиёни режим посух гуфтанд, ки аз ин пас азони бомдод дар масоҷид мамнӯъ аст.
Дар вокиниш ба ин иқдоми режим, ду вакили араб дар Кнессет — парлумони Исроил азон гуфтанд.