Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоПадари Шаҳбол Мирзоев: на танҳо аз пардохти зарари моддӣ худдорӣ мекунанд, балки...

Падари Шаҳбол Мирзоев: на танҳо аз пардохти зарари моддӣ худдорӣ мекунанд, балки нафақаи Шаҳболро ҳам қатъ кардаанд

Додгоҳи низомии горнизони шаҳри Душанбе санаи 22-юми ноябр қарор карда буд, ки қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик 40 ҳазор 621 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ пардохт кунанд.

Аммо сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба ин қарори содиркардаи суд дар бораи пардохти ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев розӣ нашуд.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати мазкур Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадӣ бо қарори суд мувофиқ набуда, аз болои ин қарор шикояти таҷдиди назар бурданист.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд ҳисоби маблағҳоеро, ки барои табобати Шаҳбол масраф шудааст, гум кардааст. Ҷузъ ин, ки барои табобати ӯ тамоми дороияшро сарф кардааст, як писари дигараш ҳамеша дар нигоҳубини Шаҳбол қарор дорад.

Падари Шаҳбол мегӯяд онҳо аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ бештар аз 97000 сомонӣ зарари моддӣ талаб доштанд, ин ҳам бошад танҳо масрафест, ки дар чанд моҳи аввал сарф шудааст. Вале бо вуҷуди ин догоҳ ин маблағро қариб се маротиба поён бурд ва Сарраёсат онро ҳам пардохт карданӣ нест.    

Вазъи Шаҳболро падараш беҳтар хонд. Аммо гуфт ба писараш 130 сомонӣ ва ду моҳи охир 156 сомонӣ нафақа медоданд, вале чанд моҳ аст, ки пардохти нафақаро ҳам қатъ кардаанд ва ӯ аз паи барқарор намудани он даводав дорад.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Хиштхонаи ноқияи Ашт ихтиёрӣ ба хидмати аскарӣ рафта буд, вале моҳи марти соли 2014 аз тарафи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов латукӯб шуда, бо зарб хӯрдани сутунмӯҳрааш аз ҳаракат бозмонд.

Дувуним сол аст, ки падараш ба табобати ӯ машғул аст, ва мехоҳад аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ, ки дар сафи ин нерӯҳо Шаҳбол хидмат мекард, зарари моддӣ ситонад, аммо то ҳанӯз Сарраёсат ҳозир нашудааст ба ӯ пашизе пардохт кунад.   

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика